Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии 5 муштзани тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Урдун


Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки дар пойтахти Урдун – Аммон – ҷараён дорад, панҷ варзишгари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 маҳрум шуданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 12 варзишгар - 8 мард ва 4 зан - дохиланд. Панҷ нафари онҳо - 3 мард ва 2 зан - аввалин рақобати худро бохтанд.

Дар сабқати мардон Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар даври аввал дар вазни то 75 кило аз Ҷинҷеа Ким аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд. Шуҳрат Сабзалиев дар вазни то 52 кило аз Енхмандах Хархуу аз Муғулистон ва Шералӣ Мамадалиев дар вазни то 69 кило аз Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон бинобар афзалияти равшани рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар сабқати занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило дар даври дуюм аз Ский Николсон аз Австралия бо ҳисоби 0:5 ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:5 ноком шуданд.

Имрӯз, 5-уми март, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило дар даври дуюм бо Санил Шаҳӣ (Непал), Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон, 6-уми март Давлат Болтаев дар вазни то 91 кило бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7-уми март Бахтовар Сагизов дар вазни то 57 кило дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг рақобат мекунанд.

Дар сабқати занон 6-уми март Нилуфар Бобоёрова дар вазни то 69 кило бо Байсон Маникон аз Тайланд ва 7-уми март Сумайя Қосимова дар вазни то 51 кило бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон, 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG