Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ маълум шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки имрӯз, 3-юми март, дар пойтахти Урдун – Аммон - шуруъ шуда, то 11-уми март идома меёбад, ширкат хоҳанд кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 12 варзишгар дохил аст. Ҳашт нафар дар рақобатҳо миёни мардон ва чаҳор нафар дар
сабқати занон ширкат меварзанд.

Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал дар сабқати мардон имрӯз, 3-юми март, Мирзомуҳаммади Бахтиёр дар вазни то 75 кило бо Ҷинҷеа Ким аз Кореяи Ҷанубӣ, 4-уми март Шуҳрат Сабзалиев дар вазни то 52 кило бо Енхмандах Хархуу аз Муғулистон, Шералӣ Мамадалиев дар вазни то 69 кило бо Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон, 5-уми март Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Арген Қодирбек уулу (Қирғизистон) / Санил Шаҳӣ (Непал), Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон, 6-уми март Давлат Болтаев дар вазни то 91 кило бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7-уми март Бахтовар Сагизов дар вазни то 57 кило дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг рақобат мекунанд.

Дар сабқати занон 4-уми март Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило дар даври дуюм бо Ский Николсон аз Австралия, Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило дар даври аввал бо Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ, 6-уми март Нилуфар Бобоёрова дар вазни то 69 кило бо Байсон Маникон аз Тайланд, 7-уми март Сумайя Қосимова дар вазни то 51 кило бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) талош меварзанд.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон, 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG