Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 10 даста дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Дар қуръакашии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» доир гардид, намояндагони даҳ бошгоҳ ширкат карданд.

Дар баробари бошгоҳҳои «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ССКА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, «Истаравшан»-и Истаравшан, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и Бохтар, ки дар мусобиқаи порсола иштирок доштанд, имсол инчунин се дастаи нави лигаи олӣ - «Локомотив-Помир»-и Душанбе, «Файзканд»-и Восеъ ва «Душанбе-83»-и Душанбе барои медалҳои қаҳрамонии Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд.

Бар асоси қуръакашӣ бозиҳои даври нахустини қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои зерин доир мегарданд:

«Локомотив-Помир» – «Файзканд»

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

ССКА – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Истаравшан»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

Мусобиқаи имсола аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Дастаҳое, ки имсол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ ҷойҳои 9-ум ва 10-умро ишғол мекунанд, дар мавсими соли оянда ба лигаи аввал мегузаранд. Ба ҷойи онҳо ғолиб ва ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи аввал дар мавсими соли 2021 дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Регар-ТадАЗ” гардид.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG