Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯктош" бори аввал барандаи Ҷоми ФФТ шуд


Ҷашни пирӯзии "Кӯктош" .
Ҷашни пирӯзии "Кӯктош" .

Бошгоҳи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ барои авваин бор барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) гардид. «Кӯктош» дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 1-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, дастаи «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Голҳои Муҳсин Абдуғаффоров ва Муҳиддин Одилов ба “Кӯктош” пирӯзӣ овард.

Ба дастаи “Кӯктош” ба ҷуз аз Ҷоми ФФТ медалҳои тилло ва ба дастаи “Равшан” медалҳои нуқра супурда шуд. Ин аввалин пирӯзии “Кӯктош” дар Ҷоми ФФТ мебошад. Зимнан, соли гузашта “Кӯктош” дар бозии ниҳоии ин мусобиқа аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2:5 мағлуб шуда буд.

Пеш аз финал рӯзи 1-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозӣ барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои «Душанбе-83»-и Душанбе ва ССКА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир гардид. Бозӣ ба нафъи «Душанбе-83» бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, «Душанбе-83»- бо медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2020 сарфароз гардид.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 барои бори нӯҳум сурат гирифт. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

Ҷоми ФФТ-2020

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Душанбе-83» – ССКА – 3:2

Голҳо: Комрони Мирзохон, 43 (0:1). Фарҳод Қосимов, 52 (1:1). Артём Гайдаш, 55 (1:2). Фарҳод Қосимов, 72 (2:2). Парфант Явис, 75 (3:2).

Огоҳонида шуданд: Дану Эдмон, Парфант Явис, Иззатулло Рӯзиев, Комрони Мирзохон («Душанбе-83»), Фирӯз Бобиев, Алиҷон Кароматуллозода, Комрони Мирзохон (ССКА).

Беҳтарин бозигари дидор: Фарҳод Қосимов («Душанбе-83»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

1-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

Финал

«Равшан» – «Кӯктош» – 1:2

Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 32 – аз пеналтӣ (0:1). Далер Шомуродов, 45+3 – аз пеналтӣ (1:1). Муҳиддин Одилов, 67 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Музаффар Назаров, Довуд Розиқов, Саидхони Амрохон, Некрӯз Гадоев, Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Мунир Давлатбеков, Собирҷон Холматов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳиддин Одилов («Кӯктош»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

1-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2020):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG