Дастаҳои "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ баъди пирӯзӣ бар рақибони худ дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) - 2020 ба финал роҳ ёфтанд.
Дар бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ, ки 28-уми феврал баргузор шуданд, "Равшан" ба "Душанбе-83"-и Душанбе бо ҳисоби 4:1 ва "Кӯктош" ба ССКА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.
Бозиҳои ҳалкунандаи Ҷоми ФФТ рӯзи якшанбе, 1-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Бозӣ барои ҷойи севум миёни дастаҳои "Душанбе-83" ва ССКА соати 11:00 доир мегардад. Баъдан бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои «Равшан» ва «Кӯктош» соати 15:00 оғоз меёбад.
Ҷоми ФФТ-2020
Марҳилаи ниҳоӣ
Нимфинал
«Равшан» – «Душанбе-83» – 4:1
Голҳо: Саидхони Амрохон, 15 (1:0). Парвиз Ҳамидов, 16 (1:1). Наврӯз Рустамов, 22 (2:1). Далер Шомуродов, 25 – аз пеналтӣ (3:1). Наврӯз Рустамов, 67 (4:1).
Огоҳонида шуданд: Саидхони Амрохон, Далер Чолов («Равшан»), Меҳроб Азимов, Бенҷамин Асамоа («Душанбе-83»).
Беҳтарин бозигари дидор: Наврӯз Рустамов («Равшан»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
28-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.
«Кӯктош» – ССКА – 3:1
Голҳо: Бунёд Шодиев, 55 (1:0). Парвиз Қашқаров, 57 (1:1). Муҳиддин Одилов, 69 (2:1). Муҳсин Абдуғаффоров, 85 – аз пеналтӣ (3:1).
Огоҳонида шуданд: Холмурод Назаров («Кӯктош»), Комрони Мирзохон, Қурбонбой Шералиев, Алиҷон Кароматуллозода (ССКА).
Беҳтарин бозигари дидор: Муҳиддин Одилов («Кӯктош»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
28-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.
1-уми март (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи севум
Оғози бозӣ – соати 11:00
«Душанбе-83» – ССКА
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Финал
Оғози бозӣ – соати 15:00
«Равшан» – «Кӯктош»
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ