Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба гуштӣ дар Бишкек ба таъхир андохта шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар ҷаласаи фаврии Оҷонсии давлатӣ оид ба корҳои ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Қирғизистон, ки таҳти раҳбарии мудири он Қанат Амонқулов доир гардид, тасмим гирифта шуд, як қатор чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ дар ин кишвар ба муҳлати дертар гузаронида шавад. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии sport.kg хабар додааст.

Тибқи ин хабар, мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба гуштии варзишӣ, ки бояд аз 27-ум то 29-уми март дар Бишкек барпо мегардид, ба муҳлати дигар гузошта шуд. Ин тасмим ба шиддат гирифтани паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон алоқаманд аст.

"Оҷонсии давлатӣ барои нороҳатиҳо аз мухлисони варзиш маъзарат мехоҳад. Маълумот дар бораи сана ва макони баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Қирғизистон дар сайти www. sport.gov.kg пешакӣ нашр хоҳад шуд",-гуфта мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ки Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ (United World Wrestling) шаҳри Бишкеки Қирғизистонро ба ҳайси мизбони мусобиқаи интихобии олимпӣ тасдиқ намудааст. Мусобиқа тибқи қарори қаблӣ бояд дар шаҳри Сиани Чин барпо мегардид, вале бо сабаби авҷи вируси корона дар ин кишвар лағв шуд.

"Иваз кардани макони баргузории мусобиқа дар муҳлати хеле кутоҳ дуруст нест, вале барои мо саломатии варзишгарон муҳимтар аст. Мо бояд барои иштироки ҳамаи варзишгарон имконият фароҳам оварем", - иброз намудааст президенти United World Wrestling Ненад Лалович.

Дар мусобиқаи интихобӣ варзишгароне, ки аллакай роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токиоро доранд, иштирок карда наметавонанд. Дар ҳар як дараҷаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад.

Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ, ки аз 30-юми апрел то 3-юми май дар Софияи Булғористон доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош мекунанд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ низ дар ҳар вазн ду роҳхат дода мешавад. Яъне гуштигироне, ки ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, соҳиби роҳхат мешаванд. Ҳар як кишвар метавонад то 18 роҳхат бигирад.

Дар ҳамин ҳол дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ барои ширкат дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё дар Бишкек ва мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ дар София омодагӣ мебинанд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик то ҳоло ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат ба даст наовардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG