Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" дастаи "Нефтчӣ"-ро шикаст дод ва ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 роҳ ёфт


Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд.
Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, ки аз рӯи натиҷаи ду бозии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020 бошгоҳи “Нефтчӣ”, барандаи Ҷоми Қирғизистонро бо ҳисоби умумии 3:1 (0:1, 3:0) шикаст дод, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа мушарраф шуд.

Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ имрӯз, 26-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид.

Нимаи аввали дидор бо ҳуҷумҳои паиҳами футболбозони тоҷик сурат гирифт. Тӯби аз кунҷи майдон задаи Фатҳулло Фатҳуллоевро сартим ё капитани “Хуҷанд” Дилшод Бозоров бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳ дар дақиқаи 33-юм ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

Дар нимаи дувуми бозӣ низ футболбозони Хуҷанд фаъол буданд ва ҳарчанд барои голзанӣ кӯшиши зиёд карданд, вале ҳисоб тағйир наёфт. Замони асосии дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Хуҷанд” ба поён расид.

Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд.

Ба ин тартиб, ҳисоби умумӣ 1:1 шуд. Тибқи низомномаи мусобиқа барои муайян кардани ғолиб 30 дақиқа замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин гардид.

Голи дувуми “Хуҷанд”-ро боз ҳам Дилшод Бозоров дар ибтидои қисми дувуми замони изофа, дар дақиқаи 107-ум, ба самар расонид. Ӯ аз ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик, тӯбро бо зарбаи сар вориди дарвозаи меҳмонон намуд. Голи севумро ҳам Бозоров, ки ба ҷаримагоҳи “Нефтчӣ” ворид шуд, дар дақиқаи 117-ум зад ва “хет-трик” кард.

Ҳамин тариқ, бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ бо пирӯзии ноиби қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби бузурги 3:0 хотима ёфт.

Дастаи “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ муқобили “Нефтчӣ” бо ҳисоби умумии 3:1 ғолиб шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 роҳ пайдо кард. Зимнан, соли гузашта низ “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфта буд.

Ҳамакнун “Хуҷанд” дар гурӯҳи “D” бо бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ 11-уми март шуруъ мешаванд

Дар нахустин даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар гурӯҳи «D” ду бошгоҳ аз Тоҷикистон - «Истиқлол» ва «Хуҷанд» рӯбарӯ мешаванд. Ин бозӣ 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи Марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 3:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 33, 107, 117

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Аҳмадов, 114), Алишер Баротов (Манучеҳр Сафаров, 83), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Комрони Мирзонаҷот, 77), Абдулмуъмин Забиров, Санҷар Рихсибоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Андрей Сидоров (Амирҷон Сафаров, 120), Дилшод Бозоров (к).

«Нефтчӣ» (Қочқор-Ота, Қирғизистон): Михаил Паюш, Азамат Абдуллоев, Арген Жуматаев (Хидиралиев, 99), Азамат Омуралиев, Элдар Молдожунусов, Усон уулу Эсенбек (Умаров, 57), Кайрат Изаков (Иминов, 115), Алмазбек Маликов (к), Манас Карипов, Александр Игнатенко, Амир Шарифӣ.

Огоҳӣ гирифтанд: Абдулмуъмин Забиров, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Азамат Омуралиев, Кайрат Изаков, Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Нозири доварон: Окада Масайоши (Ҷопон).

Комиссари бозӣ: Аҳмад Тиллоев (Узбекистон).

26-уми феврал. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

Бозии аввал - 0:1.

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

15-уми апрел (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм

29-уми апрел (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

13-уми май (чоршанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 5-ум

27-уми май (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

17-уми июн (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG