Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никола Лазаревич: Мекӯшем, ки дар бозии ҷавобӣ пирӯз шавем


Сармураббии дастаи "Хуҷанд" Никола Лазаревич.
Сармураббии дастаи "Хуҷанд" Никола Лазаревич.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020-ро муқобили бошгоҳи “Нефтчӣ”, барандаи Ҷоми Қирғизистон, имрӯз, 26-уми феврал, дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 16:00 шуруъ мешавад.

Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Голи ягонаро Александр Игнатенко, легионери украинӣ, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 51-ум, ба самар расонид.

Сармураббии дастаи «Хуҷанд» Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, дар нишасти хабарӣ, ки пеш аз бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 муқобили “Нефтчӣ” 25-уми феврал дар Душанбе доир гардид, гуфт, «бозии аввал, чунонки мо мехостем, ҷараён нагирифт. Мо аз натиҷаи бозӣ қаноатманд нестем. Ҳолати майдони мизбонон ба мо имкон надод, ки нақшаҳои худро амалӣ намоем. Тақдири роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар бозии ҷавобӣ ҳал хоҳад шуд. Бинобар ин, мекӯшем, ки дар бозии ҷавобӣ пирӯз шавем. Ман ба бачаҳои худ бовар дорам ва умедворам, ки мо дар хона нақшаҳоямонро амалӣ мекунем.»

Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ”-ро ҳакамон аз Урдун доварӣ мекунанд. Довари FIFA Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.

Бояд гуфт, ки дастаи ғолиб аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ миёни “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ 11-уми март шуруъ мешаванд.

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи Марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

26-уми феврал (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG