Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар "Grand Slam Duesseldorf 2020"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоGrand Slam Duesseldorf 2020” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 21-23-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир гардид, ноком шуданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар “Grand Slam Duesseldorf 2020” 659 варзишгар (392 мард ва 267 зан) аз 115 кишвар ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 10 варзишгар – Муҳаммадаюб Мирзозода (60 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Сиротулло Икромов (ҳарду дар вазни зери 90 кг), Саидҷалол Саидов (вазни зери 100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) - намояндагӣ карданд.

Бояд гуфт, ки Хуршед Маҷидов (вазни зери 100 кг) ба иллати ҷароҳат бардоштан дар ин мусобиқа иштирок карда натавонист.

Аз байни гуштигирони тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар ду даври рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило пирӯз шуд. Ӯ аввал Мариа Иванлеаро аз Ҷазираҳои Кюрасао бо “иппон” шикаст дод. Дар даври дуюм ҳам бо баҳогузории “иппон” бар ноиби қаҳрамони ҷаҳон Ушанги Кокаури аз Озарбойҷон ғолиб омад. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври сеюм аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ бо “иппон” мағлуб гашт.

Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал рақиби эстонии худ - Клен Кристофер Калюлайдро мағлуб намуда, дар даври дувум аз Маркус Нейман (Шведсия) шикаст хӯрд.

Ҷамолиддин Абдуллоев дар даври аввал намояндаи кишвари Гвинея-Бисау Дийого Сезарро мағлуб кард, вале дар даври дувум аз Тсаи Минг Йнг (Тайпэйи Чин) ноком шуд.

Паҳлавонони дигари тоҷик аввалин рақобати худро бохтанд. Муҳаммадаюб Мирзозода аз Франсиско Гарригос (Испания), Беҳрӯзи Хоҷазода аз Тсенд Оҷир Тсогтбаатар (Муғулистон), Сомон Маҳмадбеков аз Вадим Шока (Беларус), Ҳақназар Назаров аз Тимо Кавелиус (Олмон), Акмал Муродов аз Владимир Золоев (Қирғизистон), Сиротулло Икромов аз Давлат Бобонов (Узбекистон) ва Саидҷалол Саидов аз Матиас Мадсен (Дания) шикаст хӯрданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти теъдоди медалҳо дар мусобиқаи мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (8 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 2 медали тилло ҷойи севумро азони худ карданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт, ба варзишгарон имкон дод ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» - 700 ва «биринҷӣ» - 500 имтиёз дода шуд.

Ғолибону ҷоизадорониGrand Slam Duesseldorf 2020

Мардон

-60 кг
1. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
2. ЯНГ Юе Вей (Тайбейи Чин)
3. КИМ Вон Ҷин (Кореяи Шимолӣ)
3. СДЖАКАДОЕА Торнике (Нидерланд)

-66 кг

1. АБЕ Ҳифуме (Ҷопон)

2. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)

3. ГАЙТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)

3. ШАМИЛОВ Яъқуб (Русия)


-73 кг
1. ОНО Шоҳеи (Ҷопон)
2. АН Чангрим (Гурҷистон)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. ТСЕНД-ОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон)

-81 кг
1. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
2. ХОЛМУРЗАЕВ Ҳасан (Русия)
3. ДЕ ВИТ Франк (Ҳолланд)
3. ПАЧЕК Робин (Шведсия)

-90 кг
1. БОБОНОВ Давлат (Узбекистон)
2. НҲАБАЛИ Куеҷу (Украина)
3. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
3. МУКАИ Шоичиро (Ҷопон)

-100 кг
1. ХУРРАМОВ Муҳаммадкарим (Узбекистон)
2. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
3. ЧИРЖЕНИЧ Миклош (Маҷористон)
3. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)

+100 кг
1. ТУШИШВИЛИ Гурам (Гурҷистон)
2. ФРЕЙ Йоҳан (Олмон)
3. КИМ Минҷонг (Кореяи Ҷанубӣ)
3. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG