Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсиони байналмилалии футбол, ки 20-уми феврал дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, мавқеашро дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 121-ум нигаҳ дошт.
Дар феҳристи нави FIFA Белгия мисли пешин бо 1765 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1733 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 23-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1500 имтиёз дар зинаи 28-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 33-юм, 1489 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 40-ум, 1464 имтиёз) мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (24-ум, 1537 имтиёз), Русия (38-ум, 1470 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1289 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (129-ум), Литва (131-ум), Латвия (137-ум) ва Молдова (175-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум), Қирғизистон (96-ум) ва Қазоқистон (118-ум) ҷойгир шудааст.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон ҷойи севумро касб намудаанд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” имсол баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон 26-уми март дар Душанбе бо мунтахаби Муғулистон, 4-уми июн дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷопон ва 9-уми июн дар майдони худ бо тими Мянмар рақобат мекунад.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Раддабандии FIFA аз 20-уми феврали соли 2020:
Даҳгонаи аввал:
1 (1). Белгия - 1765 имтиёз
2 (2). Фаронса - 1733
3 (3). Бразилия - 1712
4 (4). Англия - 1661
5 (5). Уругвай - 1645
6 (6). Хорватия - 1642
7 (7). Португалия - 1639
8 (8). Испания - 1636
9 (9). Аргентина - 1623
10 (10). Колумбия - 1622
Кишварҳои ИДМ:
24 (24). Украина - 1537
38 (38). Русия - 1470
85 (85). Узбекистон - 1289
87 (87). Беларус - 1280
91 (91). Гурҷистон - 1267
96 (96). Қирғизистон - 1240
102 (102). Арманистон - 1213
104 (103). Эстония - 1202
114 (114). Озарбойҷон - 1177
118 (118). Қазоқистон - 1155
121 (121). Тоҷикистон - 1152
129 (129). Туркманистон - 1107
131 (131). Литва - 1089
137 (137). Латвия - 1079
175 (175). Молдова - 959.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!