Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марҳилаи ниҳоӣ 8 даста барои Ҷоми ФФТ мубориза мебарад


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 21-уми феврал, шуруъ мешавад. Барои Ҷоми ФФТ ҳашт даста мубориза мебарад.

Дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» ССКА ВМ ҶТ (Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Равшан» (Кӯлоб), ба гурӯҳи «Б» «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Душанбе-83» (Душанбе), «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Хатлон» (Бохтар) дохиланд. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои марказии Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, барандаи феълии Ҷоми ФФТ - «Истиқлол»-и Душанбе – аз сабаби онки дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ доир менамояд, дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа иштирок карда наметавонад. Онро дастаи «Кӯктош», ки дар марҳилаи пешакӣ дар гурӯҳи «А» мақоми севумро касб намудааст, иваз кард.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»: ССКА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».

Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

21-уми феврал (ҷумъа)

11:00 – «Истаравшан» – ССКА ВМ ҶТ. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

11:00 – «Душанбе-83» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Равшан» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Хатлон» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм

23-юми феврал (якшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Хатлон» – «Эсхата». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

24-уми феврал (душанбе)

11:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Равшан» – ССКА ВМ ҶТ. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

25-уми феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Кӯктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

26-уми феврал (чоршанбе)

10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

13:00 – «Локомотив-Помир» – ССКА ВМ ҶТ. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Нимфинал

28-уми феврал (ҷумъа)

11:00 – нимфинали 1-ум

15:00 – нимфинали 2-юм

1-уми март (якшанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

15:00 – Финал

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG