Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"14 рӯз дар як утоқ". Даҳҳо тан бозгаштаҳо аз Чин аз бемористон рухсат шуданд. ВИДЕО


Назди Бемористони сироятии Душанбе.
Назди Бемористони сироятии Душанбе.

Афроде, ки аз Чин -- маҳалли пайдоиши коронавирус баргашта, дар Беморхонаи сироятии Душанбе зери назорати пизишкон буданд, мегӯянд, 14 рӯзи зиндагӣ дар як утоқи беморхона барояшон осон набуд. Онҳо аз шароити нигаҳдорӣ шикоят надоранд, аммо мегӯянд, иҷозаи баромадан ба берунро надоштанд ва тамоми рӯз ё хоб мерафтанд ё китоб мехонданд.

Шаҳноза Ледашева баъд аз 14 рӯзи назорат дар Беморхонаи сироятии Душанбе берун баромад. Ӯ яке аз даҳҳо донишҷӯи тоҷик аст, ки ду ҳафта қабл аз Чин ба Тоҷикистон омад ва аз фурудгоҳ мустақиман ба беморхона бурда шуд. Шаҳноза мегӯяд, умед дошт баъд аз чанд лаҳза ӯро ҷавоб медиҳанд ва ба дидори модараш, ки моҳҳо ӯро интизор буд, мерасад. Аммо ин имкон ба танҳо пас аз ду ҳафта даст дод.

Даҳҳо нафар пас аз карантини коронавирус рухсат шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

"Мо омадем, аз мо суроғаро пурсиданд, баъд шиносномаҳоямонро гирифтанд. Дар берун хешу табор моро мунтазир буданд, аммо моро ба автобуси хизматӣ гирифта бурданд",-афзуд Шаҳноза Ледашева.

Шаҳноза тибқи як барномаи яксолаи таълимӣ сар аз моҳи сентябр дар шаҳри Ханяни Чин таҳсил мекард. Таътили зимистонаи ӯ ба авҷи паҳн шудани коронавирус дар Чин рост омад ва тамоми нақшаҳои ӯро, ки мехост ҳарчи зудтар бо хонавода ва дӯстонаш вохӯрад, ба ҳам зад. "Аз аввал нақша ин буд, ки тамоми ин моҳро бо хонавода сипарӣ кунам. Аммо ҳамин тавр шуд, ки инҷо омадему моро дар беморхона ҷойгир карданд".

Баръакси интизориҳо, ду ҳафтаи аввали таътили ӯ дар кунҷи бемористон сипарӣ гашт. Шаҳноза мегӯяд, дар як утоқи беморхона бо донишҷудухтари дигаре нигаҳдорӣ мешуд. Ба онҳо иҷозаи берун шудан аз бинои беморхона ва ҳавохӯрӣ дода намешуд. "Мо онҷо фақат ба китобхонӣ машғул будем ва гоҳе аз интернет истифода мебурдем, зеро ба мо иҷозаи берун рафтан набуд. Ҳамин тавр ду ҳафта ҳам сипарӣ шуд".

Мисли Шаҳноза дар як ҳафтаи ахир аз беморхонаҳои Тоҷикистон 330 нафар рухсат шудаанд ва мақомот мегӯянд, ҳоло 727 нафари дигар дар карантин қарор доранд. Пизишкони мегӯянд, дар бадани ягон шаҳрванди Тоҷикистон нишонаи коронавирус ошкор нашудааст.

Рӯзи 11-уми феврал, мақомот 46 нафар аз донишҷӯёни тоҷикро, баъд аз интизориҳо аз шаҳри Вуҳани Чин маркази пайдоиши вируси нав ба ватан баргардонданд. Онҳо бо як хатсайри махсуси ширкати "Сомон Эйр" оварда шуданд. Ҳоло ин донишҷӯён дар осоишгоҳи "Харангон" давраи карантинро сипарӣ мекунанд. Аммо 7 нафар аз шаҳрвандон ҳанӯз дар Вуҳани Чин қарор доранд. Ба гуфтаи мақомот, бинобар доштани таби баланд, онҳоро аз сафар ба Тоҷикистон бозпас гардониданд.

Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал дар нишасти хабарии худ вазъи ин афродро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, онҳо таҳти муроқибати табибон қарор доранд. "Дар сурати зарурат ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд",-афзуд вазир.

Коронавирус дар оғоз дар шаҳри Вуҳани Чин сабт шуд ва ба як бӯҳрони ҷиддии тандурустӣ дар саросари ҷаҳон табдил ёфт ва ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ҳамсояҳои Чин низ сироят кард.

Тибқи иттилои ахир дар Чин шумораи гирифторони коронавирус аз 72 ҳазору 500 нафар бештар шуда, ҳудуди 2 ҳазор тан ҷон бохтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG