Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Деҳлӣ


Акс аз бойгонӣ.

Мубинҷон Аҳмадов, варзишгари тоҷик, дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ, ки дар Деҳлии Ҳиндустон ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.

Мубинҷон дар рӯзи аввали мусобиқа – 18-уми феврал - дар вазни то 63 кило дар даври чорякниҳоӣ аз Ҷинсеуб Сонг (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуд. Баъдан дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар гуштигир аз Кувайт Муҳаммад Ал-Аҷамӣ ғолиб омад. Элмурод Тосмуродови узбекистонӣ, ки дар финал Ҷинсеуб Сонгро шикаст дод, бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар рӯзи аввали мусобиқа, ҳамчунин ду гуштигири дигари тоҷик – Муслиҳиддин Уроқов (77 кг) ва Суҳроб Абдулҳаев (87 кг) рақобат карда, ноком шуданд.

Имрӯз, 19-уми феврал, қувваозмоиҳо оид ба гуштии юнониву румӣ дар панҷ вазни дигар идома меёбад. Чаҳор варзишгари тоҷик - Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг), Зайниддин Қамаров (67 кг), Лоиқ Амирхонзода (72 кг) ва Мирзоамин Сафаров (97 кг) - ба рақобат мепардозанд.

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва гуштии озод миёни занон) беш аз 270 варзишгар аз 24 кишвар иштирок менамоянд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, як нафар оид ба гуштии занона намояндагӣ мекунанд:

Гуштии юнониву румӣ
1. Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг)
2. Мубинҷон Аҳмадов (63 кг)
3. Зайниддин Қамаров (67 кг)
4. Лоиқ Амирхонзода (72 кг)
5. Муслиҳиддин Уроқов (77 кг)
6. Суҳроб Абдулҳаев (87 кг)
7. Мирзоамин Сафаров (97 кг)

Сармураббӣ – Фаррух Беков

Гуштии озод
1. Ҳикматулло Воҳидов (57 кг)
2. Муҳаммад Икромов (61 кг)
3. Ҷамшед Шарифов (65 кг)
4. Ғуломҷон Шарифов (74 кг)
5. Баҳодур Қодиров (86 кг)
6. Искандари Рустам (97 кг)
7. Фарҳод Анақулов (125 кг)

Сармураббӣ – Абдурозиқ Олимов

Гуштии озод миёни занон
1. Ватансултон Шакаршоева (53 кг)

Дар аввалин рӯзи рақобатҳо, 18-уми феврал, варзишгарон дар риштаи гуштии юнониву румӣ дар вазнҳои 55, 63, 77, 87 ва 130 кг қувваозмоӣ карданд. Рӯзи 19-уми феврал гуштигирони вазнашон 60, 67, 72, 82 ва 97 кг ба рақобат мепардозанд.

Рӯзҳои 20-21-уми феврал мусобиқа оид ба гуштии озод миёни занон доир мегардад. Ширкаткунандагон нахуст дар вазнҳои 50, 55, 59, 68, 76 кг ва баъдан дар вазнҳои 53, 57, 62, 65, 72 кг барои ҷоизаҳо мубориза хоҳанд бурд.

Рӯзҳои 22-23-юми феврал мардон дар намуди гуштии озод рақобат мекунанд. Аввал гуштигирон дар вазнҳои 57, 65, 70, 79, 97 кг, сипас дар вазнҳои 61, 74, 86, 92, 125 кг қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Федератсияи байналмилалии гуштӣ (UWW) ба Олимпиадаи Токио 288 роҳхат тақсим менамояд. Варзишгарон дар мусобиқаҳо барои 18 маҷмуи медалҳо – 6-тоӣ оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ва 6-то оид ба гуштии озод миёни занон – мубориза мебаранд. Дар ҳар як вазн дар Олимпиада 16 варзишгар иштирок мекунад.

Мусобиқоти литсензионӣ оид ба гуштии варзишӣ ҳанӯз соли 2019 шуруъ шуда буд. Аввалин роҳхатҳоро ба Токио гуштигирон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Нурсултон (Қазоқистон) ба даст оварданд. Вале варзишгарони тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд. Ҳамакнун онҳо имконият доранд, ки дар ду мусобиқаи литсензионӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио талош варзанд. Мусобиқаи литсензионии ҷаҳонӣ рӯзҳои 30-юми апрел - 3-юми май дар Софияи Булғористон баргузор мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG