Бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, барои бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 муқобили дастаи “Нефтчӣ”, барандаи Ҷоми Қирғизистон, рӯзи якшанбе, 16-уми феврал, ба Ҷалолобод расид.
Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд” 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и Ҷалолобод соати 13:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад. Бозии ҷавобӣ 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад.
Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) ҳакамонеро, ки бозиҳои бошгоҳҳои «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Хуҷанд»-и Тоҷикистонро дар плей-оффи Ҷоми AFC-2020 доварӣ мекунанд, таъйин намудааст.
Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота ва “Хуҷанд”-и Хуҷандро ҳакамон аз Кореяи Ҷанубӣ бо сарварии довари FIFA Чае Санг-Ҳёп баҳогузорӣ мекунанд.
Ҳакамони бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни «Хуҷанд» ва “Нефтчӣ” аз Урдун мебошанд. Довари FIFA Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.
Аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ миёни “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд” дастаи ғолиб ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ хоҳад кард.
Ҳайати «Хуҷанд» дар Ҷоми AFC-2020 муқобили «Нефтчӣ»:
Дарвозабонҳо: Маъмур Икромов (Узбекистон), Далерҷон Баротов;
Ҳимоятгарон: Сироҷ Ҳамроев (Узбекистон), Манучеҳр Сафаров, Ойбек Абдуғаффоров, Алишер Баротов, Манучеҳр Аҳмадов, Парвиз Боқиев;
Нимҳимоятгарон: Санҷар Рихсибоев (Узбекистон), Комрони Мирзонажод, Бахтиëр Чориев, Абдусамад Самадов, Парвизҷон Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Шарафҷон Солеҳов, Абдулмуъмин Забиров;
Ҳамлагарон: Андрей Сидоров (Узбекистон), Дилшод Бозоров.
Сармураббӣ — Никола Лазаревич (Сербия).
Ҷоми АFC-2020
Минтақаи Марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал
19-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 13:00 (бо вақти Душанбе)
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Сардовар: Чае Санг-Ҳёп (Кореяи Ҷанубӣ)
Ҷалолобод, варзишгоҳи «Қурмонбек»
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00 (бо вақти Душанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!