Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи пайравони Инстаграми Радиои Озодӣ ба ним миллион нафар расид


Сафҳаи Инстаграми Радиои Озодӣ
Сафҳаи Инстаграми Радиои Озодӣ

Рӯзи 16 феврали соли 2020 шумораи пайравони сафҳаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм ба 500 000 нафар расид. Ин дар ҳолест, ки ҳар ҳафта зиёда аз 8000 нафар ин сафҳаро меписанданд ва ба хонандаи доимии он табдил меёбанд.

Нахустин навишта дар ин сафҳа дар рӯзи 9 сентябри соли 2016 ба муносибати 25-солагии истиқлолияти миллии Тоҷикистон нашр шудааст.

Бештар шудани шумораи мухлисони Инстаграм дар Тоҷикистон ба зиёд шудани миқдори хонандагони сафҳаи Радиои Озодӣ сабаб гардид ва ахиран ба яке аз василаҳои асосии нашри хабару гузориш ва видеоҳои ин расона табдил ёфт. Танҳо дар як соли охир ба ин сафҳа матолибе гузошта мешаванд, ки махсус барои мухлисони он таҳия гаштаанд. Соли гузашта сафҳаи Инстаграми Радиои Озодӣ яке аз даҳ сафҳаи пурхонандатарини ин шабака дар Тоҷикистон номида шуд.

Бештари хонандагони сафҳа муқими Тоҷикистон буда, он ҳамчунин дар Русия, Узбекистон ва кишварҳои дигар низ мухлисони худро дорад. Синнусоли миёнаи пайравони сафҳа аз 18 то 54 аст, аммо 80 дарсади онҳо аз 18 то 34-сола мебошанд. То чанд вақти охир бартарии мутлақи мардҳо дар миёни мухлисони сафҳа дида мешуд, ҳоло 17 дарсади хонандагонро занон ва 83 дарсадро мардҳо ташкил медиҳанд.

Дар як соли гузашта видеоҳои ин сафҳа зиёда аз 25 миллион бор дида шудаанд. Вокуниши бинандагон ба матолиби сафҳа 350 дарсад бештар шудааст. Дар гузашта дар сафҳа танҳо акс ва матни кутоҳ нашр мешуд, сар аз моҳи апрели соли равон шабакаи телевизионии он фаъол гашта, силсилаакс ё нигористон ба яке аз бахшҳои умдаи сафҳа табдил шудааст. Дар як соли гузашта хонандагон наздик ба 4 миллион бор ба матолиби сафҳа вокуниш нишон додаанд.

Радиои Озодӣ ба ҳамаи онҳое, ки хабару гузоришҳояшро дар сафҳаи Инстаграм пайгирӣ мекунанд самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунад ва аз онҳое, ки ҳануз бо ин сафҳа ошно нестанд, даъват менамояд, меҳмон ва мухлиси он шаванд.

XS
SM
MD
LG