Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона Кувайтро мағлуб кард


Мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бозии дӯстона бар тими мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон 13-уми феврал дар шаҳри Даммоми Арабистони Саудӣ доир гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Хоҷаев, Умед Қузиев ва Собирҷон Гулаков ба самар расониданд. Боз як голро кувайтиҳо ба дарвозаи худ заданд.

Ин шашумин бозии мунтахаби футзали Тоҷикистон дар моҳи феврал ба шумор мерафт. Аз ин пеш мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар Даммом тими миллии Арабистони Саудиро ба ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд.

Инчунин мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») дар Тайланд бозиҳоро ба тимҳои Эрон бо ҳисоби 2:3, Тайланд-2 бо ҳисоби 2:4 ва Тайланд бо ҳисоби 0:2 бохта, мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби 4:0 шикаст додаааст.

Баъди анҷоми бозиҳои дӯстона дар Даммом мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва омодагиро ба қаҳрамонии Осиё-2020 идома медиҳад. Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад.

Зимнан, қаҳрамонии футзали Осиё мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд. Вале ба иллати хуруҷи коронавирус бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) баргузории мусобиқа ба муҳлати дертар ба таъхир андохта шуд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Фарватер», Қирғизистон), Муродулло Алиқулов («Соро компания»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду аз «Фарватер», Қирғизистон), Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев (ҳарду аз «Спартак», Қирғизистон), Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Сипар»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Бозиҳои дӯстона

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон -1:2

Голҳои Тоҷикистон: Рустам Ҳамидов, Иқбол Воситзода.

12-уми феврал. Даммом, Арабистони Саудӣ

Кувайт – Тоҷикистон- 2:4

Голҳои Тоҷикистон: Баҳодур Хоҷаев, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков. Боз як голро рақиб ба дарвозаи худ зад.

13-уми феврал, Даммом, Арабистони Саудӣ

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG