Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Саудӣ дар бозии дӯстона


Мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бозии дӯстона бар тими мунтахаби Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 12-уми феврал дар шаҳри Даммом доир гардид. Голҳои Рустам Ҳамидов ва Иқбол Воситзода ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ овард.

Мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 13-уми феврал, дар Даммом бо мунтахаби Кувайт бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин шашумин бозии мунтахаби футзали Тоҷикистон дар моҳи феврал ба шумор хоҳад рафт.

Аз ин пеш мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») дар Тайланд бозиҳоро ба тимҳои Эрон бо ҳисоби 2:3, Тайланд-2 бо ҳисоби 2:4 ва Тайланд бо ҳисоби 0:2 бохта, мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода буд.

Баъди анҷоми бозиҳои дӯстона дар Даммом мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва омодагиро ба қаҳрамонии Осиё-2020 идома медиҳад. Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад.

Зимнан, қаҳрамонии футзали Осиё мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд. Вале ба иллати хуруҷи коронавирус бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) баргузории мусобиқа ба муҳлати дертар ба таъхир андохта шуд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Фарватер», Қирғизистон), Муродулло Алиқулов («Соро компания»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду аз «Фарватер», Қирғизистон), Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев (ҳарду аз «Спартак», Қирғизистон), Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Сипар»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Бозиҳои дӯстона

Арабистони СаудӣТоҷикистон -1:2

Голҳои Тоҷикистон: Рустам Ҳамидов, Иқбол Воситзода.

12-уми феврал. Даммом, Арабистони Саудӣ

13-уми феврал (панҷшанбе)

Кувайт – Тоҷикистон

Даммом, Арабистони Саудӣ

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG