Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020


Варзишгарони тоҷик. 25-уми декабри 2019.
Варзишгарони тоҷик. 25-уми декабри 2019.

Дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол дар пойтахти Ҷопон – Токио – доир мегардад, беш аз 11 000 варзишгар аз 206 кишвар барои 339 маҷмӯи медалҳо оид ба 33 намуди варзиш мубориза хоҳанд бурд.

Вале варзишгарони тоҷик ҳанӯз ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат нагирифтаанд, дар ҳоле ки дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон 24 роҳхат (гуштии озод – 4, камонварӣ – 4, варзиши сабук – 2, гуштии занона – 2, гуштии юнониву румӣ – 2, панҷҳарбаи муосир – 2, шиноварӣ – 1, шиноварӣ дар оби кушода -1, шиноварии ҳунарӣ – 1, велошоссе – 1, шӯхпаймоӣ – 1, гимнастикаи варзишӣ – 1, тирандозӣ ба лаъличаҳо – 1, тирандозӣ – 1), Узбекистон 15 роҳхат (гуштии варзишӣ – 4, панҷҳарбаи муосир – 2, гимнастикаи варзишӣ - 2, велошоссе – 2, қайиқронӣ дар каноэ – 2, варзиши сабук - ҷаҳидан ба баландӣ - 1, таэквондо – 1, теннис – 1) ва Қирғизистон 5 роҳхат (варзиши сабук – марафон – 2), шиноварӣ – 1, гуштии юнониву румӣ – 1, гуштии занона – 1) – ба Олимпиадаи Токио-2020 ба даст овардаанд.

Варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ дар риштаҳои ҷудо, бокс, гуштии варзишӣ, варзиши сабук, қайиқронӣ ва ғайра талош хоҳанд кард.

Паҳлавонони тоҷик дар риштаи ҷудо, ки 23-25-уми январ дар Гран-прии Тел-Авив (Исроил) ва 8-9-уми феврал дар Гранд Слами Порис (Фаронса) иштирок карданд, боз дар ҳашт мусобиқаи литсензионӣ - 21-23-юми феврал дар Гранд Слами Дюсселдорф (Олмон), 6-8-уми март дар Гран-прии Работ (Марокаш), 13-15-уми март дар Гранд Слами Екатеринбург (Русия), 27-29-уми март дар Гран-прии Тифлис (Гурҷистон), 3-5-уми апрел дар Гран-прии Анталия (Туркия), 17-19-уми апрел дар қаҳрамонии Осиё/Уқёнус дар Муғулистон, 8-9-уми май дар Гранд Слами Боку (Озарбойҷон) ва 28-30-юми май дар мусобиқаи устодони ҷудо дар Давҳаи Қатар - ширкат меварзанд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) 1-уми июн раддабандии олимпиро нашр мекунад, ки бар асоси он 22-нафарӣ дар ҳар вазн ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии Токио мушарраф мешаванд.

Муштзанҳои тоҷик бошанд, барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ дар ду мусобиқаи интихобӣ талош мекунанд. Нахуст мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус рӯзҳои 3-11-уми март дар пойтахти Урдун – Уммон – доир мегардад. Баъдан мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ рӯзҳои 13-24-уми май дар Пориси Фаронса баргузор мешавад.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон ва 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ низ вобаста ба вазнҳо варзишгароне, ки ҷойҳои аз 3-юм то 5-умро мегиранд, соҳиби роҳхат мешаванд.

Варзишгарони тоҷик оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ) низ дар ду мусобиқаи интихобӣ – қоравӣ (26-29-уми март) ва мусобиқаи ҷаҳонӣ (30 апрел - 3-юми май дар Софияи Булғористон) иштирок хоҳанд кард.

Қайиқронҳои тоҷик бошанд, барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Токио дар мусобиқаи интихобии Осиё (26-29-уми март дар Паттайаи Тайланд) ва Ҷоми ҷаҳон (21-24-уми май дар Дуйсбурги Олмон) талош меварзанд.

Инчунин варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқоти мухталиф оид ба варзиши сабук иштирок мекунанд, дар мавриди иҷрои меъёрҳои муқарраркардаи Созмони байналмилалии варзиши сабук ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Токио даст меёбанд.

Ҳамчунин варзишгарони тоҷик оид ба вазнабардорӣ, картаэ-до, таэквондо WT, тирандозӣ, шиноварӣ ва камонварӣ метавонанд дар мусобиқоти литсензионӣ ширкат карда, барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза баранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG