Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Саудӣ ва Кувайт


Мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, барои баргузор кардани ду бозии дӯстона бо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (12-уми феврал) ва Кувайт (13-уми феврал) ба Даммом расид.

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») дар Тайланд аз Бангкок ба Даммом омад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд бозиҳоро ба тимҳои Эрон бо ҳисоби 2:3, Тайланд-2 бо ҳисоби 2:4 ва Тайланд бо ҳисоби 0:2 бохта, мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода буд.

Баъди анҷоми бозиҳои дӯстона дар Даммом мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва омодагиро ба қаҳрамонии Осиё-2020 идома медиҳад. Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад.

Зимнан, қаҳрамонии футзали Осиё мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд. Вале ба иллати авҷ гирифтани коронавирус бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) баргузории мусобиқа ба таъхир андохта шуд. Санаи нави баргузории қаҳрамонии Осиё то ҳоло маълум нест.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Фарватер», Қирғизистон), Муродулло Алиқулов («Соро компания»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду аз «Фарватер», Қирғизистон), Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев (ҳарду аз «Спартак», Қирғизистон), Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Сипар»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Бозиҳои дӯстона

12-уми феврал (чоршанбе)

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

13-уми феврал (панҷшанбе)

Кувайт – Тоҷикистон

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG