Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Paris Grand Slam 2020», ки рӯзҳои 8-9-уми феврал дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуд, бе медал монданд.
Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар «Paris Grand Slam 2020» 680 варзишгар (405 мард ва 275 зан) аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат дошт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд. Аз байни онҳо Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило натиҷаҳои хубтар нишон доданд.
Беҳрӯз аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Уилям Тай Тин (Самоа), Тео Ригуин (Фаронса) ва Шамил Ҷавбатиров (Олмон) ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Соичи Ҳашимото (Ҷопон) шикаст хӯрд. Сипас дар даври тасаллобахш аз Масаши Эбинуми (Ҷопон) ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.
Сомон бошад, аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. Ӯ бар Ҷорҷ Фернандес (Португалия), Дирк Ван Тичелт (Белгия), Никола Гардасевич (Монтенегро) ва Муҳаммад Муҳиддин (Миср) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Сомон дар чорякфинал аз Жансай Смагулов (Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш аз Ҳикматуллоҳ Тӯраев (Узбекистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро азони худ кард.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Франсиско Баланта аз Колумбия ғолиб омад, вале баъдан қувваозмоиро ба Клен Кристофер Калҷулаид аз Эстония бохт.
Гуштигири дигари тоҷик Акмал Муродов, ки дар вазни то 81 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт, аз Камолиддин Расулови узбекистонӣ шикаст хӯрд. Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал аз Найдан Тувшинбаяри муғул мағлуб шуд.
Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 154 000 доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба ғолибон ва ҷоизадорон мукофотпулӣ ба таври зайл тақсим шуд:
ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар 4000 доллар ва мураббӣ 1000 доллар);
ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар 2400 доллар ва мураббӣ 600 доллар);
ҷойи 3-юм: 1500 доллар (варзишгар 1200 доллар ва мураббӣ 300 доллар).
Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти теъдоди медалҳо дар мусобиқаи мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал (3 тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Фаронса бо касби 6 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 2 медал (1 тилло, 1 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ карданд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби ду ҷойи ҳафтум зинаи 29-умро касб намуд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, «ҳадафи аслии гуштигирони тоҷик дар «Paris Grand Slam 2020» ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 буд. Сомон ва Беҳрӯз 260-имтиёзӣ гирифтанд. Комроншоҳ соҳиби 100 имтиёз гардид. Ба Акмал ва Шакармамад 10-имтиёзӣ дода шуд.»
Зимнан, мусобиқаи мазкур дар Порис баъди Гран-прии Тел-Авив (Исроил) дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт.
Соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Paris Grand Slam 2019» чаҳор варзишгари тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) иштирок карда, дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда буданд.
Ғолибону ҷоизадорони «Paris Grand Slam 2020»
Мардон
-60 кг
1. НАГАЯМА Рюҷу (Ҷопон)
2. АБУЛАДЗЕ Яго (Русия)
3. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
3. СМЕТОВ Йелдос (Қазоқистон)
-66 кг
1. АН Баул (Кореяи Шимолӣ)
2. КИМ Лимхвон (Кореяи Шимолӣ)
3. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Басхуу (Муғулистон)
3. ЗАНТАРАИА Георгий (Украина)
-73 кг
1. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)
2. СМАГУЛОВ Жансай (Қазоқистон)
3. СЕНД-ОЧИР Сонгтбаатар (Муғулистон)
3. ТӮРАЕВ Ҳикматуллоҳ (Узбекистон)
-81 кг
1. КАССЕ Маттиас (Белгия)
2. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Узбекистон)
3. ФУҶИВАРА Сотаро (Ҷопон)
3. ВАЛУА-ФОРТЙЕ Антуан (Канада)
-90 кг
1. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)
2. НАГАСАВА Кента (Ҷопон)
3. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
3. СИЛВА МОРАЛЕС Иван Филип (Куба)
-100 кг
1. ПАЛТЧИК Петер (Исроил)
2. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
3. АДАМЯН Арман (Русия)
3. КОРРЕЛ Майкл (Нидерланд)
+100 кг
1. ГРОЛ Хенк (Нидерланд)
2. КАГУЕРА Кокоро (Ҷопон)
3. ГРАНДА Энди (Куба)
3. ТАСОЕВ Инал (Русия)
Занон
-48 кг
1. БИЛОДИД Дариа (Украина)
2. КОГА Вакана (Ҷопон)
3. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)
3. МУНХБАТ Урансесег (Муғулистон)
-52 кг
1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ГИУФФРИДА Одетте (Италия)
3. ПИМЕНТА Ларисса (Бразилия)
3. ШИШИМ Аи (Ҷопон)
-57 кг
1. ДЕГУЧИ Криста (Канада)
2. ДОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)
3. ГЯКОВА Нора (Косово)
3. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)
-63 кг
1. АГБЕНАНУ Кларисс (Фаронса)
2. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)
3. ДОИ Масако (Ҷопон)
3. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)
-70 кг
1. ОНО Йоко (Ҷопон)
2. НИЗОЕ Саки (Ҷопон)
3. БЕРНГОЛМ Анна (Шведсия)
3. ҲОВЕЛЛ Ҷемма (Британияи Кабир)
-78 кг
1. МАЛОНГА Маделейн (Фаронса)
2. ПОСВИТ Фанни Эстел (Фаронса)
3. АНТОМАРЧИ Калиема (Куба)
3. УМЕКИ Мами (Ҷопон)
+78 кг
1. ДИКО Роман (Фаронса)
2. СЛУТСКАЯ Марина (Беларус)
3. НУН Рошел (Португалия)
3. СУЗА Беатрис (Бразилия)
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!