Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2020 бо “Нефтчӣ” бозӣ мекунад


Бозигарони тими "Хуҷанд"
Бозигарони тими "Хуҷанд"

Бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, дар даври плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бо дастаи “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота, барандаи Ҷоми Қирғизистон, рақобат мекунад.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, дастаи “Аҳал”, ноиби қаҳрамон ва финалисти Ҷоми Туркманистон-2019, барои ҳозир нашудан ба бозии марҳилаи аввали Ҷоми AFC-2020 муқобили “Нефтчӣ”, ки бояд 5-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир мегашт, бар асоси низомнома аз мусобиқа хориҷ шуд.

Ба ин тартиб, дар даври плей-оффи Ҷоми AFC-2020 дастаҳои “Нефтчӣ” (Қирғизистон) ва “Хуҷанд” (Тоҷикистон) барои ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ пайдо кардан талош меварзанд. Бозии аввали ин дастаҳо 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и Ҷалолобод ва бозии ҷавобӣ 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Зимнан, бозии хонагӣ бо дархости бошгоҳи «Хуҷанд» бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ба Душанбе гузаронида шуд.

Дар мавриди пирӯзӣ аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ муқобили “Нефтчӣ”дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Ҷоми КФО-2020

Минтақаи Осиёи Марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал

19-уми феврал (чоршанбе)
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)


Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG