Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бозии севуми санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия бо тими мунтахаби наврасони Озарбойҷон (U-17) бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Голи ягонаро Кабир Салимшоев ба ҳадаф расонд.
Аввалин бозии санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон муқобили дастаи «Коняспор»-и Туркия бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Дар бозии дувуми санҷишӣ футболбозони навраси тоҷик бар дастаи «Виктория»-и Берлини Олмон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.
Бозии хотимавии санҷишӣ дар Анталияи Туркия миёни мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ва дастаи «Дебресен»-и Маҷористон рӯзи шанбеи 8-уми феврал баргузор мешавад.
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии футболбозони навраси тоҷик ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн доир мегардад.”
Бозиҳои санҷишӣ
31-уми январ (ҷумъа)
Тоҷикистон (U-16) – «Коняспор» (U-17, Туркия) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Хусрав Тоиров.
2-юми феврал (якшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – «Виктория» (U-17, Берлин, Олмон) – 2:0
Голҳо: Суннатулло Азизов (2).
6-уми феврал (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Озарбойҷон (U-17) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Кабир Салимшоев.
8-уми феврал (шанбе)
Тоҷикистон (U-16) – «Дебресен» (U-17, Маҷористон)
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Парвардигоро гуноххои мо гумрохгаштагонро бубахш, ки ин бандахои буздил аз руи бесавод кудрати Туро фаромуш карданд!!!
Шархи ман ба кормандони радиои озоди дигар ба шумо хам бовари намонд доимо огох мекунед, ки навистачотхои дорои ангезаву тахкир чоп карда намешавад магар хаминаст амалкарди шумо оё надиди ё нехонди ба номи офаридгор чи гуфтахоро болои чоп овардед заррае бовари дигар намонд.
хама тараддуд бахри боз хам аз камбагалон чам кардани пул......асту на беш аз он. Корупсияро бо розигии Мачлиси оли депутатхои зархарид ба конун дароварданианд.... Зеро хизмат дар артиш ба камбагалон насиб гардидааст......Фарзандони дигар сарватмандон ва мансабдорон кайфй сафо дранд.
конун ба фоидаи мансабдорон, на ба фоидаи мардуми камбагали Точикистон,ки кариб 70 фоизи мардуми мо шароити пардохти маблаги хангуфтро надоранд
Чаро бояд Байден? О мардуми мо мурдаанд? Магар барқфуруши дар замони сардӣ магар ҷиноят нест? Чӣ мардум намедонанд? Ҳама медонад барқ фурухта шуда долларҳо ба суратҳисоби хонавода ба Амрико меравад. Барқи тоҷикро ғорату ғорат мекунанд. Магар роҳҳо пулакӣ нестадн? Магар бегуноҳон дар ҳабс нестанд? магар 2 млн муҳоҷир аз шароити хубашон рафтаанд расия? Магару магар