Бозиҳои даври дувуми марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар минтақаи Душанбе рӯзҳои 5-6-уми феврал дар ҳарду гурӯҳ баргузор шуданд.
Дар сабқати гурӯҳи «А» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми ФФТ, бар тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 4:0 ва дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бар тими «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 8:1 ғолиб омаданд.
Дар сабқати гурӯҳи «Б» дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе тими «Ваҳдат»-и Ваҳдатро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод ва бозӣ миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Душанбе-83»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Бозиҳои даври охирини марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе рӯзҳои истироҳат - 8-9-уми феврал – баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ чор даста – дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ - роҳ пайдо мекунанд. Ҳоло як дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоӣ аз ин минтақа маълум аст, ки ин ССКА “Помир” мебошад.
Барои се роҳхати дигар “Истиқлол”, “Локомотив-Помир”, “Кӯктош” аз гурӯҳи “А” ва “Регар-ТадАЗ”, “Душанбе-83” аз гурӯҳи “Б” талош доранд. Вале дастаҳои “Шоҳмансур” аз гурӯҳи “А” ва “Ваҳдат” аз гурӯҳи “Б” аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ маҳрум шуданд.
Ҷоми ФФТ-2020
Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе
Гурӯҳи «А». Даври 2-юм
«Кӯктош» – «Шоҳмансур» – 8:1
Голҳо: Фирӯз Қараев, 22 (1:0). Фирӯз Қараев, 28 (2:0). Азизбек Султонов, 35 (3:0). Қосим Музаффаров, 43 (3:1). Абдурасул Раҳмонов, 65 (4:1). Абдурасул Раҳмонов, 68 (5:1). Муҳаммад Гулаев, 72 (6:1). Абдурасул Раҳмонов, 82 (7:1). Собирҷон Холматов, 88 (8:1).
5-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.
«Истиқлол» – «Локомотив-Помир» – 4:0
Голҳо: Шериддин Бобоев, 20 (1:0). Шаҳбоз Эркинов, 21 (2:0). Табрези Давлатмир, 29 (3:0). Табрези Давлатмир, 35 (4:0).
5-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» |
2 |
2 |
0 |
0 |
17-0 |
6 |
2 |
«Локомотив-Помир» |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-5 |
3 |
3 |
«Кӯктош» |
2 |
1 |
0 |
1 |
9-3 |
3 |
4 |
«Шоҳмансур» |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-21 |
0 |
Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм
ССКА «Помир» – «Ваҳдат» – 6:0
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 42 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 56 (2:0). Дилшод Восиев, 69 (3:0). Шервонӣ Мабатшоев, 75 (4:0). Нодирбек Иброҳимов, 79 (5:0). Нодирбек Иброҳимов, 90+1 (6:0).
6-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 1:1
Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 22 (1:0). Элчибек Рашидбеков, 71 (1:1).
6-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “Б”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
ССКА «Помир» |
2 |
2 |
0 |
0 |
9-0 |
6 |
2 |
«Регар-ТадАЗ» |
2 |
1 |
1 |
0 |
7-1 |
4 |
3 |
«Душанбе-83» |
2 |
0 |
1 |
1 |
1-4 |
1 |
4 |
«Ваҳдат» |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-12 |
0 |
Даври 3-юм
8-уми феврал (шанбе)
11:00 – «Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
9-уми феврал (якшанбе)
11:00 – ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Ваҳдат» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказ
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!