Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти cевуми мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар севумин дидори худ дар мусобиқаи байналмилалӣSAT International Futsal Championship 2020») рӯзи 5-уми феврал аз мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Аз ин пеш мунтахаби Тоҷикистон бозиҳоро ба тими Эрон бо ҳисоби 2:3 ва ба дастаи дувуми Тайланд бо ҳисоби 2:4 бохта буд.

Дар бозии дигари даври севуми мусобиқа дастаи Тайланд-2 мунтахаби Эронро, ки ба Тайланд бо ҳайати дувум омадааст, бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқа мизбонон – дастаҳои Тайланд-2 ва Тайланд - бо шашимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Мунтахаби Эрон низ шаш имтиёз дорад ва бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар ҷадвал мақоми севумро касб намудааст. Дастаҳои Тоҷикистону Малайзия бидуни имтиёз мутаносибан ҷойҳои чоруму панҷумро ишғол кардаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси 44-солаи гурҷӣ, дар даври чоруми мусобиқа имрӯз, 6-уми феврал, бо мунтахаби Малайзия рақобат мекунад. Бозӣ соати 14:30 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020» дар шаҳри Ҳатяйи музофоти Сонгкҳлаи Тайланд бо ширкати панҷ даста то 8-уми феврал идома меёбад. Иштирок дар ин мусобиқа барои мунтахаби футзали Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад. Зимнан, қаҳрамонии футзали Осиё мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд. Вале ба иллати авҷ гирифтани коронавирус бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё баргузории мусобиқа ба таъхир андохта шуд. Дар бораи санаи нави баргузории қаҳрамонии Осиё иттилоъ дода нашудааст.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд

Даври 1-ум

Тоҷикистон Эрон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Умед Қузиев, Шавкат Ҳалимов.

Тайланд – Малайзия – 4:3

Даври 2-юм

Тайланд-2 – Тоҷикистон – 4:2

Голҳои Тоҷикистон: Рустам Ҳамидов, Файзалӣ Сардоров.

Эрон – Малайзия – 5:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Тайланд – 0:2

Тайланд-2 – Эрон – 5:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд-2

2

2

0

0

9-2

6

2

Тайланд

2

2

0

0

6-3

6

3

Эрон

3

2

0

1

8-7

6

4

Тоҷикистон

3

0

0

3

4-9

0

5

Малайзия

2

0

0

2

3-9

0

Даври 4-ум

6 феврал (панҷшанбе)

14:30 – Малайзия – Тоҷикистон

17:00 – Тайланд – Тайланд-2

Даври 5-ум

8 феврал (шанбе)

14:30 – Малайзия – Тайланд-2

17:00 – Эрон – Тайланд

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG