Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 5 паҳлавони тоҷик дар "Paris Grand Slam 2020"


Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо "Paris Grand Slam 2020", ки рӯзҳои 8-9-уми феврал дар шаҳри Пориси Фаронса доир мегардад, ширкат меварзанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд: Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни беш аз 100 кг).

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар «Paris Grand Slam 2020» иштироки 740 варзишгар (446 мард ва 294 зан) аз 121 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст.

Зимнан, мусобиқоти мазкур дар Порис баъди Гран-прии Тел-Авив (Исроил) дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад.

Рӯзи шанбе, 8-уми феврал, занон дар чор вазн – 48, 52 , 57, 63 кг – ва мардон дар се вазн – 60, 66, 73 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи якшанбе, 9-уми феврал, барандагони медалҳо дар се вазн - 70, 78, +78 кг - миёни занон ва дар чор вазн - 81, 90, 100, +100 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд.

Ба ин тартиб, ду гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков – рӯзи 8-уми феврал, се нафари дигар – Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Шакармамад Мирмамадов – рӯзи 9-уми феврал вориди рақобатҳо мешаванд.

Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 154 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба ғолибон ва ҷоизадорон мукофотпулӣ ба таври зайл тақсим мешавад:

ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар 4000 доллар ва мураббӣ 1000 доллар);

ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар 2400 доллар ва мураббӣ 600 доллар);

ҷойи 3-юм: 1500 доллар (варзишгар 1200 доллар ва мураббӣ 300 доллар).

Ширкаткунандагони «Paris Grand Slam 2020», инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гуштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Paris Grand Slam 2019» чаҳор варзишгари тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) иштирок карда, дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG