Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модарони тоҷик порае аз ҷигари худро ба духтарони якдигар доданд. ВИДЕО


Ду модари тоҷик барои наҷоти ҷони фарзандони хеш порае аз ҷигарҳои худро ба фарзандони хурдсолашон доданд. Рухшона Аҳмадова аз Ҳисор як пораи ҷигарашро ба духтари Зарнигор Сангова аз Душанбе ҳадя кард ва Зарнигор Сангова пораи ҷигарашро ба духтари Рухшона Аҳмадова. Пизишкон мегӯянд, ин таҷрибаи аввали табдили "донор"-ҳо барои пайвандсозии ҷигар дар Тоҷикистон аст. Ҷарроҳии ҳар кадоме 8-соатӣ идома кардааст.

Рухшона Аҳмадоваи 39-сола аз Ҳисор баъд аз ҷустуҷӯи тӯлонии донор барои духтари даҳсолааш билохира тавонист ҷони ӯро наҷот диҳад. Ӯ рӯзи 4-уми феврал гуфт, вақте гуруҳи хуни ҳеч кадоме аз аъзои хонавода ва хешони наздик ба гуруҳи хуни духтараш мувофиқ набуд, сахт ноумед шуда буд.

Як тасодуф дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ӯро бо модари дигаре ошно кард, ки ӯ низ барои духтараш "донор" мекофт. Ташхисҳои тиббӣ нишон додаанд, ки ин модарон метавонанд барои духтарони якдигар "донор"-и зинда бошанд ва барои наҷоти ҷони фарзандонашон порае аз ҷигари худро туҳфа кунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Модарони тоҷик порае аз ҷигари худро ба духтарони якдигар доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

"Бо духтарам панҷ сол дар азоб будем. Намедонистем, ки ин хел ҷой ҳаст. Духтарамро қариб аз даст медодам. Ба маркази пайвандсозии узв омадем ва дар ҳамин ҷо бо ин хоҳар шинос шудем. Ман қисме аз ҷигарамро ба духтари ӯ додам ва ӯ қисми ҷигарашро ба духтари ман дод,” – нақл кард ӯ.

Духтари нӯҳсолаи Зарнигор Санговаи 32-сола аз шаҳри Душанбе низ аз маризии ҷигар ранҷ мекашид. Пас аз муроҷиат ба бемористон, табибон тавсия додаанд, ки роҳи наҷоти ҷони духтараш пайвандсозии ҷигар аст.

Дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба ӯ хабар додаанд, ки "донор"-и ҷигари духтараш метавонад модари дигаре шавад, ки духтари ӯ низ бо айни мушкил ба "донор" ниёз дорад. Зарнигор Сангова гуфт: “Маслиҳат кардему розӣ шудем. Аз комиссия гузаштем, ризоят доданд. Ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло ба духтари ин нафар як меҳре пайдо кардам, ки гӯиё духтари худам аст.”

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон танҳо волидон ва хешовандон метавонанд донори зинда барои пайвандсозии узву бофтаҳои инсон бошанд. Ҳоло ҷараёни донорҳои маргимағзӣ дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст.

Танҳо аввалин бор дар Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта табибони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар аз донорҳои зинда ва шахси бегонаро анҷом доданд.

Пизишкон мегӯянд, таҷрибаи иваз кардани донорҳо метавонад аз харидуфурӯши ғайриқонунии узвҳо ҷилавгирӣ кунад. Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, ин таҷриба ба афзоиши пайвандсозии узвҳо, таъсиси варақаи интизории донорҳо ва дар муддати кӯтоҳ пайдо кардани донор мусоидат кунад.

Саидмаҳмуд Исмоилзода, раиси Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар соли гузашта 17 ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ва 125 ҷарроҳии гурдаро анҷом доданд.

Амалиёти пайвандсозии узвҳои баданро дар Тоҷикистон танҳо "Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон" анҷом медиҳад, ки соли 2011 таъсис ёфтааст. Дар маҷмуъ аз замони фаъолият дар ин марказ 780 амалиёти пайвандсозии узву бофтаҳо анҷом шудааст.

Дар ин миён баъзе аз онҳое, ки ҷарроҳӣ шудаанд, фавтидаанд, аммо табибон мегӯянд, “муроқибати нодурусти пас аз ҷарроҳӣ сабаби асосии марги беморон будааст, на иштибоҳ дар амалиёт”.

Ҳоло ду модаре, ки бо тақдими як пора ҷигар ба духтарони якдигар ҷони дубора бахшиданд, мегӯянд, худро солиму роҳат эҳсос мекунанд. Онҳо аз он хушҳоланд, ки дар баробари наҷоти ҷони фарзандонашон ду хонавода акнун хеш шуданд, на танҳо хеши маънавӣ, балки ҳамчунин хунӣ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG