Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, дар бозии санҷишӣ дар Тошканд аз тими “Локомотив”, ноиби қаҳрамони Узбекистон, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии «Хуҷанд» ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2020, имрӯз, 4-уми феврал, дар пойтахти Узбекистон доир гардид. Бозии санҷишӣ бо пирӯзии «Локомотив» бо ҳисоби 3:0 ба поён расид.
Ёдовар мешавем, «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, 21-уми январ дар марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 «Локомотив»-ро дар Тошканд бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.
Ҷамъомади таълимиву тамринии ноиби қаҳрамони Тоҷикистон дар ҳамин ҳол дар Тошканд бо раҳбарии сармураббии нави даста Никола Лазаревич, мутахассиси 41-солаи сербиягӣ, ҷараён дорад.
“Хуҷанд” дар плей-офф бо ғолиби бозии даври пешакӣ «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон рақобат мекунад. Бозиҳои даври пешакии Ҷоми AFC-2020 бо ширкати «Нефтчӣ» ва «Аҳал» рӯзҳои 5-ум ва 12-уми феврал аввал дар Ҷалолобод ва баъдан дар Ишқобод доир мегарданд.
«Хуҷанд» аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми АFC-2020 рӯзи 19-уми феврал дар сафар ва бозии ҷавобиро 26-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.
Дар мавриди пирӯзӣ «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Дордой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.
Ҷоми AFC-2020
Минтақаи Марказӣ
Марҳилаи пешакӣ. Бозии аввал
5 феврал (чоршанбе)
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
Марҳилаи пешакӣ. Бозии ҷавобӣ
12 феврал (чоршанбе)
«Аҳал» (Туркманистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
Плей-офф. Бозии аввал
19 феврал (чоршанбе)
Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26 феврал (чоршанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон)
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Худовандо тамоми чумхурихои сохибистиклоли собик Шуравиро аз нияту амал ва ВАХШОНИЯТИ ПУТИН начот бахш.
бритони аввал ба афгонистон тнчи ороми орад. покситонро бритоние ташкил кард навбати толибистон шуд боз чи максад дошта бошад дар помири точикистон
ТАКЛИДИ СИСТЕМАИ МОРИФИ ЯПОНИ КОРЕЯИ ЧАНИБИРО БОЯД БА РОХ МОНД. АММО МО НАМЕХОХЕМ БА ЯПОНИЯ КОРЕЯИ ЧАНУБИ ВА СИНГАПУР БАРОБАР ШАВЕМ .МИКЕС ВА МУКОИСА ФАКАТ БО АФГОНИСТОНУ ТУРКМАНИСТОНУ ПАПУА НОВАЯ ГВИНЕЯ!!! МУАЛЛИМ НА КАМ АЗ 1000 ДОЛЛАР БОЯД МАОШ ГИРАД.ПРОФЕССОРОН 5-6 ХАЗОР ДОЛЛАР БАЪД ТАЛАБ НАМОЕД КАДРИ ЧАВОНУ ДОНИШМАНДРО
Радио озоди дида мешавад ки шумо худ бар зиди сатру ҳиҷобед барои ҳамин фақат коментарияҳои зидди исломро нашр мекунед, аз Аллоҳ наметарсед магар? , чаро коментарияҳои мусалмононро нашр намекунед? , шахс надонад бо ин коментарияҳои зидди исломи фикр мекунад ки тоҷики мусалмон намондааст.
Чаро 15 ҳазор омӯзгори тоҷик тарки пеша карданд? Аз сатҳи баланди зиндагӣ, Аз маошҳои баланд, Аз адолати иҷтимоӣ, Аз адолати судӣ, Аз баробари дар назди қонун, Аз набудани маҳалгароӣ, Аз набудани коррупсия ва ғайраҳо ....