Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дувуми мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар дувумин дидори худ дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») рӯзи 3-юми феврал аз тими Тайланд-2 бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Ҳамидов ва Файзалӣ Сардоров ба самар расониданд.

Дар бозии дигари даври дувуми мусобиқа мунтахаби Эрон, ки ба Тайланд бо ҳайати дувум омадааст, бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа мунтахаби Эрон бо шаш имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро касб намудааст. Мизбонон – дастаҳои Тайланд-2 ва Тайланд - бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Дастаҳои Тоҷикистону Малайзия бидуни имтиёз мутаносибан ҷойҳои чоруму панҷумро ишғол кардаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси 44-солаи гурҷӣ, дар даври севуми мусобиқа 5-уми феврал бо дастаи аввали Тайланд рақобат мекунад. Бозӣ соати 17:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020» дар шаҳри Ҳатяйи музофоти Сонгкҳлаи Тайланд бо ширкати панҷ даста то 8-уми феврал идома меёбад. Иштирок дар ин мусобиқа барои мунтахаби футзали Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад. Зимнан, қаҳрамонии футзали Осиё мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд. Вале ба иллати авҷ гирифтани коронавирус бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё баргузории мусобиқа ба таъхир андохта шуд. Дар бораи санаи нави баргузории қаҳрамонии Осиё иттилоъ дода нашудааст.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд

Даври 1-ум

Тоҷикистон Эрон 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Умед Қузиев, Шавкат Ҳалимов.

Тайланд – Малайзия – 4:3

Даври 2-юм

Тайланд-2 – Тоҷикистон – 4:2

Голҳои Тоҷикистон: Рустам Ҳамидов, Файзалӣ Сардоров.

Эрон – Малайзия – 5:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

8-2

6

2

Тайланд-2

1

1

0

0

4-2

3

3

Тайланд

1

1

0

0

4-3

3

4

Тоҷикистон

2

0

0

2

4-7

0

5

Малайзия

2

0

0

2

3-9

0

Даври 3-юм

5 феврал (чоршанбе)

14:30 – Тайланд-2 – Эрон

17:00 – Тоҷикистон – Тайланд

Даври 4-ум

6 феврал (панҷшанбе)

14:30 – Малайзия – Тоҷикистон

17:00 – Тайланд – Тайланд-2

Даври 5-ум

8 феврал (шанбе)

14:30 – Малайзия – Тайланд-2

17:00 – Эрон – Тайланд

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG