Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бурду як мусовии мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои санҷишӣ дар Анталия


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия ду бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, аввалин бозии санҷишии мунтахаби наврасони кишвар, ки 31-уми январ муқобили дастаи «Коняспор»-и Туркия доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Бозии дувуми санҷиширо футболбозони навраси тоҷик рӯзи якшанбе, 2-юми феврал, бо дастаи «Виктория»-и Берлини Олмон баргузор карда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Ҳарду голро ҳамлагар Суннатулло Азизов ба самар расонид. Бояд гуфт, ки дар нимаи дувуми дидор нимҳимоятгар Кабир Салимшоев аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф расонида натавонист.

Рақиби севуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дастаи мунтахаби наврасони Озарбойҷон (U-17) мебошад. Ин бозӣ 6-уми феврал доир мегардад.

Бозии хотимавии санҷишӣ дар Анталияи Туркия миёни мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ва дастаи «Дебресен»-и Маҷористон 8-уми феврал баргузор мешавад.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии футболбозони навраси тоҷик ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн доир мегардад.”

Ба ҷамъомади мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар Анталия то рӯзи 9-уми феврал идома меёбад, сармураббӣ 26 бозигарро даъват намудааст: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров (Академияи футболи ФФТ), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Соро компания»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Саидҷон Сафаров, Шаҳриёри Иноятулло, Нурсултон Норбойзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Аббос Андалибов, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Муҷовид Шовайсуддинов, Бежан Нишонбойзода, Қурбоналӣ Муродов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Асадбек Ҷӯразода («Ашт»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Суннатулло Азизов, Хуршед Давлатзода (ҳарсе аз Академияи футболи ФФТ), Муҳаммадворис Саидалиев («Соро компания»).

Бозиҳои санҷишӣ

31-уми январ (ҷумъа)

Тоҷикистон (U-16) – «Коняспор» (U-17, Туркия) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Хусрав Тоиров.

2-юми феврал (якшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – «Виктория» (U-17, Берлин, Олмон) – 2:0

Голҳо: Суннатулло Азизов (2).

6-уми феврал (панҷшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Озарбойҷон (U-17)

8-уми феврал (шанбе)

Тоҷикистон (U-16) – «Дебресен» (U-17, Маҷористон)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG