Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Иморот


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи 8-уми бози байналмилалии Фуҷайра-2020 (8th Fujairah Open 2020-G1) оид ба таэквондо WT, ки аз 31-уми январ то 2-юми феврал дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо гардид, як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори ҳаштум доир гардид, беш аз 1800 варзишгар аз 38 кишвар мувофиқи синашон дар чаҳор гурӯҳ – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва бузургсолон – рақобат карданд.

Медали тиллоро ба мунтахаби Тоҷикистон Муниса Ойматова овард. Ӯ дар сабқати духтарон дар вазни зери 49 кило баъди пирӯзӣ бар
Оиша Сафдар аз Покистон, дар даври дувум бар варзишгари Миср Малак Муҳаммад Сиррӣ ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард.

Муниса дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Элноз Нозимова пирӯз шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоӣ ниҳоӣ бар варзишгари дигари Покистон Фотима Зуҳро Ховар ғолиб шуд. Қобили зикр аст, ки Муниса соли гузашта дар ин мусобиқаи байналмилалӣ медали нуқра ба даст оварда буд.

Варзишгари дигари тоҷик Парвиз Мирзоев дар рақобатҳо дар вазни зери 48 кило миёни ҷавонон барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ӯ дар даврҳои интихобӣ намояндагони Иморот Иброҳим Салоҳ Аҳмад ва Умар Хонро мағлуб намуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Парвиз дар нимфинал аз варзишгари Миср Абдул Салоҳ Ҳайсам, ки ғолиби ин вазн гардид, шикаст хӯрд.

Ба иттилои Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ шаш варзишгари тоҷик – Моҳру Ҳалимова (-67 кг) миёни бузургсолон, Парвиз Мирзоев (-48 кг), Маҳмадраҷаби Бобоҷон (-59 кг), Муниса Ойматова (-49 кг) миёни ҷавонон, Абубакр Фатҳуллоев (-57 кг) миёни наврасон ва Алиҷон Фатҳуллоев (-28 кг) миёни кӯдакон - бо раҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов ва Шамсулло Қодиров ширкат доштанд.

Инчунин боз ду намояндаи Тоҷикистон - доварони дараҷаи байналмилалӣ Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров - дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ба ҳайси ҳакам иштирок карданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG