Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2020 дар минтақаи Душанбе рӯзи ҷумъа, 31-уми январ, шуруъ мешавад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – доир мегардад.
Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе, ки 31-уми январ оғоз меёбад, ҳашт даста бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудааст.
Ба гурӯҳи “А” дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Шоҳмансур» (Душанбе) дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Ба гурӯҳи “В” дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ваҳдат» (Ваҳдат) ва «Душанбе-83» (Душанбе) шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегарданд.
Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе чор даста роҳ пайдо мекунад.
Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ аз соли 2012 гузаронида мешавад. Барандаи феълии Ҷоми ФФТ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар тими «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 5:2 ғолиб шуда буд.
Ҷоми ФФТ-2020
Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе
Даври 1-ум
31 январ (ҷумъа)
14:00 – «Кӯктош» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
1 феврал (шанбе)
11:00 – «Истиқлол» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
11:00 – ССКА «Помир» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2-юм
5 феврал (чоршанбе)
11:00 – «Кӯктош» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Истиқлол» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
6 феврал (панҷшанбе)
11:00 – ССКА «Помир» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
8 феврал (шанбе)
11:00 – «Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
9 феврал (якшанбе)
11:00 – ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Ваҳдат» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Умедворам ки моро ҳам аз китоб бенасиб намемонед. Бо сипос! parvizrakhimzoda@gmail.com
Радиои Озодӣ аз шарма дига шарҳи мора пахш намекна, хахаха!!! Бо мо ак фикри хдмрна гуфта бдем, бо мо ак ба и радио бовар мекардем. АФСУС, Сад АФСУС!!!
Чунин гузаргоххоро дар дигар минтакахои марзй кушода тичоратро ривоч бояд дод.Аммо шарт гузоштан лозим ки савдо бо пули точикй сурат гирад.
Дар солҳои 1993,кадом аскар ки аз ҷанг сар мекашид,паронда ба дарё меандохтандшон.Худо иедонаду, мумкин ҳаминҳо ҳам саркаши кардаги бошанд.номаъдум,дузд яку,гумон ҳазор
МО АЛАКАЙ БА ДАСГОХИ ПРЕЗИДЕНТ МАКТУБ КАРДЕМ МЕБИНЕМ ЧИ ЧОРА МЕБИНАНД АГАР НАШУД БАД БА ХУДИ ПРЕЗИДЕНТ ШИКОЯТ МЕКУНЕМ