Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот аз ширкатҳои мобилӣ хост, масъалаи "80 дирам"-ро шарҳ диҳанд


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо фиристодани нома аз ширкатҳои мобилии кишвар хостааст, ки сабаби ситодани пули иловагӣ ё "пардохти абонентӣ" аз муштариёнро шарҳ диҳанд. Аз соли 2015 ба ин сӯ аз соҳибони ҳар як симкорт дар як моҳ 80-дирамӣ ситонда мешавад. Сокинон чунин "ҳақситонӣ"-ро бепоя медонанд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, ин ҳаққи истифодаи ҳар як шумораи мобилӣ аст.

Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи шикояти зиёди муштариён тасмим гирифтанд, ки масъаларо рӯшан кунанд.

Вай гуфт: "Мактуби мо ба ин маънӣ аст, ки онҳо сабаби ситонидани 80 дирамро бо далел шарҳ диҳанд. Ҳам Хадамоти алоқа ва ҳам ширкатҳои мобилӣ. Чунки Хадамоти алоқа ба ширкатҳои мобилӣ супориш медиҳад, аммо маблағро ширкатҳо мегиранд."

Масъулони ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора посух надодаанд. Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, хадамот имкон дорад давоми як моҳ таҳлили худро анҷом дода, аз натиҷааш ба расонаҳо хабар диҳад.

Панҷ сол пеш ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки барои истифодаи ҳар як шумораи мобилӣ аз муштариён пули иловагӣ ё "пардохти абонентӣ" мегиранд.

Ширкатҳои бузурги мобилии Тоҷикистон гуфта буданд, ин тасмим баъд аз иқдоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мавриди боло бурдани ҳаққи истифода аз рақамҳои мобилӣ гирифта шудааст. Ширкатҳои мобилӣ инчунин ба муштариёнашон гуфтанд, ҳаққи "истифодаи рақами мобилӣ" новобаста аз таърифа (тариф) аз ҳар симкорт гирифта хоҳад шуд.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҷавоб ба суолҳо, ки чаро бо гузашти шаш сол акнун мехоҳанд асос доштани ҳақситонии ширкатҳои мобилиро аз муштариён бисанҷанд, гуфт: "То имрӯз шикоят набуд ва ҳоло хостем ин масъаларо асоснок намоянд".

Рӯзи 29-уми январ дар се ширкати бузург -- Babilon-M, Tcell ва Мегафон -- ба Радиои Озодӣ пардохти пули иловагии 80-дирамӣ аз муштариёнро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки суҳбат дар мавриди номаи фиристодаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар салоҳияти онҳо нест.

Қаблан ҳаққи иҷораи рақами мобилӣ чандон гарон набуд ва ширкатҳои мобилӣ ин пардохтро аз ҳисоби даромадҳои худашон ҷуброн мекарданд. Якбора боло рафтани ин қимат, ширкатҳои мобилиро водор кардааст, ин маблағро аз ҷайби муштариён бигиранд. Сокинон мегӯянд, дар баҳси байни ширкатҳо ва Хадамоти алоқа "қурбонӣ" ҳастанд.

Маҳмуди Кенҷа, яке аз муштариёни ширкатҳои мобилӣ гуфт, "то ҷое иттилоъ дорам, гӯиё аъзоҳаққӣ ба ширкат аст. Дар Ҷопон низ ҳамин гуна аст. Баъд аз санҷиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ хоҳем донист, ки ин воқеан қонунӣ аст ё ғайриқонунӣ. Аз ман ҳар моҳ 80 дирам мегиранд, вале намедонам барои чӣ."

Масъулони Хадамоти алоқа мегӯянд, дар маҷмуъ дар Тоҷикистон ҳудуди 6,5 миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебарад ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштарии фаъол ҳастанд. Ба қавли онҳо, симкорте, ки дар тӯли се моҳ ақаллан як занги пулакӣ анҷом медиҳад, фаъол ҳисобида мешавад. Бино ба ҳисобҳои коршиносон, танҳо муштариёни фаъол дар як сол садҳо миллион сомониро иловатан ба буҷаи Хадамоти алоқа ворид мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG