Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" аз "Ал-Аҳлӣ" мағлуб шуд ва ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ наёфт


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 аз бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа маҳрум гашт. Бозӣ шаби сешанбеи 28-уми январ дар шаҳри Ҷидда, дар варзишгоҳи «King Abdullah Sports City», доир гардид.

Голи ягонаро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ҳамлагар Юсуф Билолӣ, легионери алҷазоирӣ, дар охири бозӣ, дар дақиқаи 91-ум, ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи аввали дидор, ки бо бартарии мизбонон сурат гирифт, футболбозони “Ал-Аҳлӣ” чандин имконияти голзаниро аз даст доданд. Дар бисёр мавридҳо маҳорати баланди дарвозабони моҳири “Истиқлол” Рустам Ятимов ба мизбонон имкон надод, ки муваффақ шаванд.

Нимаи дувуми дидор бо ҳуҷумҳои тарафайн гузашт. Футболбозони тоҷик хеле фаъол шуданд. Се лаҳзаи мувофиқи голзанӣ хотирмон буд. Баъди зарбаи сахти ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов дарвозабони “Ал-Аҳлӣ” Ёсир Ал-Муслим тӯбро баргардонд. Баъдан ҳамлагар Шериддин Бобоев аз дур зарбаи сахт зад, вале тӯб аз назди сутуни дарвоза берун рафт. Тӯби задаи мизбонон ба тири дарвоза бархӯрд.

Дар дақиқаҳои охири бозӣ дар ҷаримагоҳи меҳмонон ҳолати ногувор рух дод. Легионери русиягии “Истиқлол” Виктор Свежов бозигари мизбонон Ҳусейн Ал-Мукавиро тела дод. Сардовари бозӣ Сивакорн Пудом аз Тайланд ба Свежов корти сурх нишон дод ва ӯ аз майдон хориҷ шуд. Инчунин сардовар ба дарвозаи “Истиқлол” ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро аз пеналтӣ Юсуф Билолӣ бехато зад.

Бояд гуфт, ки дар ин бозии ҳалкунанда бозигарони “Истиқлол” панҷ корти зард ва як корти сурх гирифтанд. Ва аммо ягон нафар аз бозигарони “Ал-Аҳлӣ” муҷозот нашуд.

Ба ин тартиб, дастаи “Истиқлол”, ки бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар рақобатҳои муқаддамотӣ дар меҳмонӣ “Локомотив”-и Тошкандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд, дар плей-офф бозиро ба тими “Ал-Аҳлӣ” бо ҳисоби 0:1 бохт ва натавонист ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ пайдо кунад. Ҳамакнун «Истиқлол» ба мисли солҳои пешин дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 ширкат меварзад.

Бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ» бо раҳбарии сармураббӣ Кристиан Гросси швейтсариягӣ ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ ёфт. «Ал-Аҳлӣ» дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳҳои «Ал-Ваҳда»-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, «Ал-Шорта»-и Ироқ ва «Истиқлол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон рақобат хоҳад кард.

«Ал-Аҳлӣ» бошгоҳи футболи шаҳри Ҷидда, ки дар Премйер-лигаи Арабистон Саудӣ бозӣ мекунад, соли 1937 таъсис ёфтааст. Варзишгоҳи «King Abdullah Sports City» («Шоҳ Абдулло Спорт Сити»), ки дар он «Ал-Аҳлӣ» бозиҳояшро баргузор мекунад, дорои 62000 ҷойгоҳ барои тамошогарон аст. Дар тамоми таърихи худ ин бошгоҳ се бор қаҳрамони Арабистони Саудӣ, инчунин ду бор финалисти Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шудааст.

Дар ҳайати бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ» легионерҳои маъруф - ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2010 дар ҳайати мунтахаби Олмон Марко Марин, бразилиягиҳо Лукас Лима ва Соуза, Юсуф Билолии алҷазоирӣ, Элвис Саричи босниягӣ ва дигарон бозӣ мекунанд.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020

Плей-офф

«Ал-Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Юсуф Билолӣ, 91 – аз пеналтӣ.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Марко Милич, Алексей Ларин, Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Виктор Свежов, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев.

Огоҳӣ гирифтанд: Муҳаммадҷон Раҳимов, 35, Марко Милич, 45+1, Виктор Свежов, 57, Алишер Ҷалилов, 63, Табрези Давлатмир, 90

Аз майдон хориҷ шуд: Виктор Свежов («Истиқлол»), 89

Сардовар: Сивакорн Пудом (Тайланд).

28-уми январ. Ҷидда. Варзишгоҳи «King Abdullah Sports City». 10 942 тамошобин.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG