Мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки мебоист рӯзҳои 3-14-уми феврал дар шаҳри Вуҳан баргузор мешуд, ба иллати авҷ гирифтани вирус дар Чин ба Урдун интиқол ёфт. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс аз 3-юм то 11-уми март дар пойтахти Урдун – Аммон – доир мегардад.
Дар ин мусобиқа 63 роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар вазнҳои мухталиф тақсим мешавад. Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон ва 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд.
Мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ барои роҳхатҳои олимпӣ аз 13-ум то 24-уми май дар Пориси Фаронса доир мегардад. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ низ вобаста ба вазнҳо варзишгароне, ки ҷойҳои аз 3-юм то 5-умро мегиранд, соҳиби роҳхат мешаванд.
Барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020, инчунин муштзанҳои тоҷик талош меварзанд. Дар миёни муштзанҳои тоҷик Баҳодур Усмонов, ки порсол дар қаҳрамонии Осиё дар вазни то 64 кило ғолиб шудааст, барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Токио имкони хубтар дорад.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол баргузор мешаванд. Мусобиқоти олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август сурат мегирад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Э монда шудам аз ин спектаклистон,мардуми точик дар назди телевизор мисли кудак нишаста мультфильм тамошо доранд,хамин аст хуллоса
Намозат аз сидк бошад,дар кучо хонданат фарк надорад,дар Курьон навишта шудааст!Ё ин,ки дар хона чойнамоз надоред?
Конуни нагз албатта лекин мухлати хизмат кам мешуд ,бехтарин буд.
Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд! БА НОМ ОЗОДИ ИН ТАХКИР ДАР ХАККИ АЛЛОХ МУМКИН АСТ КИ ЧОПАШ КАРДЕД? ? ? ? Ба гуфтаи худатон амал намекунед.
Хамаш хубу хамин маблаги чамшуда барои чи сарф мешад,нагуфтанд!Акнун военкоматхо ба коргар мухточ мешаванд!