Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд” дар Минск дувум шуд


Рақобат миёни мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Белорус. 25-уми январи 2020.
Рақобат миёни мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Белорус. 25-уми январи 2020.

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон, ки 25-уми январ дар бозиии ниҳоии Ҷоми рушд-2020 дар Минск аз мунтахаби наврасони Беларус (U-17) аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуд, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Бозии ниҳоӣ хеле шавқовару пуршиддат сурат гирифт. Абдулфаттоҳ Худойдодзода, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 9-ум ҳисобро боз кард. Дар охири нимаи аввали дидор ҳамлагар Суннатулло Азизов голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳадаф расонд.

Вале футболбозони навраси тоҷик ин ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Бозигарони мунтахаби Беларус Кунский ва Марчук дар нимаи дувуми дидор ба дарвозаи меҳмонон ду гол зада, ҳисобро баробар карданд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 71-ум Муҷовид Шовайсуддинов, бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки корти сурх гирифт, аз майдон хориҷ шуд.

Дар задани тӯб аз силсилаи пеналтӣ кори мизбонон омад кард. Мунтахаби Беларус бо ҳисоби 5:4 ғолиб шуда, барандаи “Ҷоми рушд-2020” гардид ва бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон медалҳои нуқра тақдим гардид.

Суннатулло Азизов, ки дар бозиҳои “Ҷоми рушд-2020” се гол задааст, беҳтарин ҳамлагари мусобиқа эътироф шуд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба радиои Озодӣ гуфт, “ширкат дар “Ҷоми рушд-2020” дар Мински Беларус барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн доир мегардад, маҳсуб мешуд.”


Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми рушд-2020»

Финал

Беларус (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 5:4

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 9 (0:1). Суннатулло Азизов, 39 (0:2). Кунский, 57 (1:2). Марчук, 80+3 (2:2).

Тоҷикистон (U-16): Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳмадов (Шаҳриёри Иноятулло, 33), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалибов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 11, Амирҷони Фаррухзода, 76), Кабир Салимшоев (Меҳрубон Каримов, 77), Муҷовид Шовайсуддинов, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов.

Аз майдон хориҷ шуд: Муҷовид Шовайсуддинов (Тоҷикистон), 71.

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

Белгия (U-17) – Исроил (U-17) – 5:0

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Финляндия (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:0

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

Узбекистон (U-16) – Исландия (U-17) – 1:2

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG