Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поккории партовгоҳҳои Кӯлоб ва ё вонамуд кардани кор? ВИДЕО


Шаҳри Кӯлоб. Моҳи октябри соли 2019
Шаҳри Кӯлоб. Моҳи октябри соли 2019

Баъди гузоришҳо дар бораи пур шудани баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб аз партов, мақомоти Идораи коммуналӣ гуфтанд, ки ба тоза кардани он шуруъ кардаанд. Сокинон мегӯянд, мақомот ду рӯз дар назди мардум баъзе бахшҳои шаҳрро аз партов тоза карданд, вале ҳанӯз ахлоттӯдаҳо дар кӯчаву рӯдхонаҳо мисли пешина мондааст.

Олимҷони Эмомалӣ, сокини шаҳри Кулоб, мегӯяд, барои пок кардани партовҳо на ду рӯз, балки ҳафтаҳо зарур аст. "Ду рӯз тоза мекунанд ва дар чашми мардум хок мепошанд. Худнамоишдиҳӣ мекунанд," -- гуфт ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Поккории партовгоҳҳои Кӯлоб ва ё вонамуд кардани кор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Ба қавли сокинон, мисли ҳашар дар ду рӯз пок кардани партовҳо аз хиёбону рӯдхонаҳо ҳалли ниҳоии мушкил нест. Барои ба танзим даровардани масъалаи поккории партовгоҳҳо, ба гуфтаи онҳо, низоми мушаххасе зарур аст, ки ҳанӯз дар шаҳри Кӯлоб вуҷуд надоштааст.

Меъроҷи Назирмад, сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, “агар ҳаминро саривақт тоза кунанд, партов то ин дараҷа омада намерасид. Раиси шаҳр ҳар рӯз бо ин роҳ равуо мекунад ва ҳатман мебинад. Дигар кормандон онро иҷро намекунанд. Рости гап, солҳои пеш нисбат ба ҳозира хеле тоза буд. Ҳозир шароит хуб шудааст, аммо партов бисёр асту тоза карда намешавад.»

Поккорӣ кардани партовгоҳҳо аз сӯи кормандони Идораи коммуналии шаҳри Кӯлоб ҳафтаи гузашта, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ шуруъ шуд. Дар пайи он телевизионҳои давлатӣ ва ҳафтаномаҳо низ аз мушкили партовҳо дар Кӯлоб гузориш доданд.

Кӯлоб аз шаҳрҳои калон дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳоло дар ин шаҳр 220 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад.

Мақомоти Идораи коммуналӣ сокинонро ба бемасъулиятӣ дар берун кардани партовҳояшон ва напардохтани ҳаққи кашондани партовҳо муттаҳам мекунанд. Иттиҳоме, ки сокинон қабул надоранд.

Гузоришро дар Ютуб тамошо кунед:

Феълан Идораи коммуналӣ 12 мошини партобкаш дорад ва масъулонаш мегӯянд, барои кашонидани партовҳои шаҳри Кӯлоб дар як шабонарӯз ба 260 литр сӯзишворӣ ниёз доранд, чизе, ки ба гуфтаи онҳо надоранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG