Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар финали "Ҷоми рушд" бо Беларус бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон, ки дар севумин бозиаш дар Ҷоми рушд-2020 дар Мински Беларус бар мунтахаби наврасони Гурҷистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, ба финали ин мусобиқаи байналмилалӣ роҳ пайдо кард.

Бозии даври севум миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Гурҷистон 23-юми январ доир гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 36-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 77-ум заданд.

Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “В” дастаи мунтахаби наврасони Исландия бар мунтахаби Исроил бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳ шуд ва ба финали мусобиқаи байналмилалӣ баромад. Дастаҳои Исроил ва Гурҷистон бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб намуданд. Мунтахаби Исландия бо се имтиёз дар ҷойи охирин – чаҳорум – қарор гирифт.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус ва Белгия 7-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мизбонон – футболбозони навраси беларус – мақоми аввалро азони худ карданд. Белгиягиҳо ҷойи дувумро соҳиб шуданд. Мунтахаби Финляндия бо се имтиёз ҷойи севумро ишғол кард. Мунтахаби Узбекистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии «Ҷоми рушд-2020» мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби Беларус рақобат мекунад. Ин бозӣ рӯзи шанбеи 25-уми январ дар Минск соати 18:45 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Бояд гуфт, ки дар «Ҷоми рушд-2020» ҳашт даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ карданд. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал баромаданд, дастаҳои ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо барои ҷойи сеюм рақобат хоҳанд кард. Ҳамчунин, бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум доир мегарданд.

Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми рушд-2020»

Гурӯҳи «А»: Беларус, Белгия, Финляндия, Узбекистон.
Гурӯҳи «В»: Исроил, Гурҷистон, Исландия, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Исландия (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 1:2

Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1

Даври 2-юм

Исроил (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 4:0

Гурҷистон (U-17) – Исландия (U-17) – 1:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон (U-16) – Гурҷистон (U-17) – 2:1

Голҳо: Дундуа, 14 (0:1). Алиҷони Айнӣ, 36 (1:1). Суннатулло Азизов, 77 (1:2).

Тоҷикистон (U-16): Сафармад Ғаффоров, Ҳукмиддин Шомуродов, Аҳматов (Шаҳриёри Иноятулло, 73), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Аббос Андалибов, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев (Меҳрубон Каримов, 62), Алиҷони Айнӣ, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 62), Муҷовид Шовайсуддинов (Амирҷони Фаррухзод, 62).

Исландия (U-17) – Исроил (U-17) – 2:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон (U-16)

3

2

0

1

4-6

6

2

Исроил (U-17)

3

1

1

1

5-3

4

3

Гурҷистон (U-17)

3

1

1

1

3-3

4

4

Исландия (U-17)

3

1

0

2

3-3

3

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Белгия (U-17) – Финляндия (U-17) – 2:1

Беларус (U-17) – Узбекистон (U-16) – 4:1

Даври 2-юм

Белгия (U-17) – Узбекистон (U-17) – 2:1

Финляндия (U-17) – Беларус (U-17) – 1:2

Даври 3-юм

Узбекистон (U-17) – Финляндия (U-17) – 1:2

Беларус (U-17) – Белгия (U-17) – 1:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Беларус (U-17)

3

2

1

0

7-3

7

2

Белгия (U-17)

3

2

1

0

5-3

7

3

Финляндия (U-17)

3

1

0

2

4-5

3

4

Узбекистон (U-16)

3

0

0

3

3-8

0

Тақвими бозиҳои боқимонда

25-уми январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

12:00 – Узбекистон (U-16) – Исландия (U-17)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

14:15 – Финляндия (U-17) – Гурҷистон (U-17)

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

16:30 – Белгия (U-17) – Исроил (U-17)

Финал

18:45 – Беларус (U-17) – Тоҷикистон (U-16)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG