Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Русия дар Олимпиадаи зимистонаи наврасон дар Лозанна


Русия дар Олимпиадаи зимистонаи наврасон пирӯз шуд.

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон, ки рӯзҳои 9-22-юми январ дар Лозаннаи Швейтсария баргузор шуд, мунтахаби Русия бо касби 27 медал (9 нишони тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти теъдод ва сифати медалҳо ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Ҷопон бо касби 17 медал (9 нишони тилло, 7 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Швейтсария бо касби 22 медал (8 нишони тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд.

Умуман, варзишгарони навраси 33 кишвар бо медалҳои Бозиҳо, аз он ҷумла намояндагони 23 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Ба ғайр аз варзишгарони Русия, дар ин Бозиҳо боз намояндагони панҷ кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ), Эстония як медали тилло, Беларус, Гурҷистон ва Украина яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ширкат надошт. Аз Қазоқистон 25 варзишгар, аз Қирғизистон 2 варзишгар, аз Туркманистон ва Узбекистон якнафарӣ дар Олимпиадаи зимистона иштирок карданд, вале медал ба даст наоварданд.

Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна, ки бо ширкати беш аз 1800 варзишгари наврас аз 79 кишвар оид ба 16 намуди варзиш (биатлон, бобслей, ҳоккейи рӯи ях, лижатозӣ, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, скелетон, шорт-трек ва ғайра) баргузор шуд, 22-юми январ ба анҷом расид.

Бозиҳои олимпии наврасонро Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар чаҳор сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Бозиҳои зимистонаи наврасон соли 2012 дар Инсбруки Австрия доир шудааст. Баъдан Бозиҳои дувум соли 2016 дар Лиллеҳаммери Норвегия барпо гардидааст.

Анҷумани Кумитаи байналмилалии олимпӣ минтақаи Гангвони Кореяи Ҷанубиро ба ҳайси мизбони Бозиҳои IV зимистонаи олимпии наврасон дар соли 2024 интихоб кард.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи IV зимистонаи наврасон дар шаҳрҳои Пйонгчанг ва Гангнунг, ки соли 2018 Бозиҳои зимистонаи олимпиро доир карда буданд, барпо мегардад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG