Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Tel Aviv Grand Prix 2020), ки рӯзҳои 23-25-уми январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тел-Авив иштироки 548 гуштигир (315 мард ва 233 зан) аз 83 кишвар дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар – Давлаталӣ Назаралиев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни +100 кг) – дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.
Имрӯз, 23-юми январ, қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон, -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Аз миёни варзишгарони тоҷик Давлаталӣ Назаралиев аввалин шуда ба рақобат мепардозад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Дар даври дувум бо Гусман Қирғизбоев аз Қазоқистон қувваозмоӣ мекунад.
Рӯзи 24-уми январ гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон, -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Се паҳлавони тоҷик барои дарёфти ҷоизаҳо талош меварзанд. Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар даври аввал озоданд. Дар даври дувум Сомон бо ғолиби ҷуфти Александру Раику (Руминия)/ Гилберто Кардосо (Мексика) ва Беҳрӯз бо ғолиби ҷуфти Марк Ҳристов (Булғористон)/Евгений Прокопчук (Русия) рақобат хоҳанд кард. Акмал Муродов бошад, дар даври аввал бо Кристиан Тонисте аз Эстония вориди рақобат мешавад.
Дар рӯзи охирини мусобиқа – 25-уми январ - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон, -78 кг, +78 кг миёни занон доир мегардад. Чаҳор паҳлавони тоҷик ба рақобат мепардозанд. Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов дар даври аввал озоданд. Дар даври дувум Комроншоҳ бо ғолиби ҷуфти Надав Зурат (Исроил)/Пётр Кужера (Полша) ва Темур Раҳимов бо Мбагник Ндияе (Сенегал) қувва меозмоянд. Рақиби Саидҷалол Саидов дар даври аввал Левис Медина аз Доминикан ва рақиби Шакармамад Мирмамадов Бегболот Токтогонов аз Қирғизистон мебошанд.
Бояд гуфт, ки Гран-прии Тел-Авив нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2020 мебошад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дувум 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазордолларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш).
Ҳамчунин, ширкаткунандагони Гран-прии Тел-Авив соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Зимнан, дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Сомон Маҳмадбеков дар ҷойи 13-ум, Беҳрӯзи Хоҷазода дар ҷойи 19-ум, Комроншоҳи Устопириён дар ҷойи 22-юм, Темур Раҳимов дар ҷойи 22-юм, Акмал Муродов дар ҷойи 48-ум, Шакармамад Мирмамадов дар ҷойи 49-ум, Саидҷалол Саидов дар ҷойи 69-ум ва Давлаталӣ Назаралиев дар ҷойи 214-ум қарор доранд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Беном, хамин кудак аз ту дида бочасораттар аст ва миллионхо дусту мухлис дорад. Агар ту дах дар сади Самариддин обру медошти касал мешуди.
Инхел табибон бояд ба чазои сахтарин гирифтор шаванд ва то охири умр ба ин зан нафакаи калон дихад
Ин одам гражданини Россия аст, хатто паспорти точики надорад. Барои чи Озоди ин хабарро чоп кардааст, номаълум. Вале як чиз аён аст, ки ин одам алакай чи будани медийная личностиро фахмидааст. Ба кавли точикхо мазахурак шудааст. Хар чи набошад, интихоби худаш аст ва ба ягон точик на фоида овардааст на зарар. Суол хамоно он боки мемонад, ки Озоди барои чи махз ин хабарро чоп кард? Шояд ба чавонони точик сигнал дихад, ки онхо хам метавонанд мисли Рачабов "далер" бошанд? Ё ба хукуматдорони точик сигнал дихад, ки хушёр бошанд, дар мо хам хаст чавонони шердил? Дар будани чавонони шердил дар дохили Точикистон метавонад шак надошта бошад. Харорати дохили Точикистон хам наздик ба чушзадан аст. Ин процессхо дар Точикистон хело зуд итифок меафтанд. Танхо бояд рафтани Путинро мунтазир буд. Агар Россия ба чунбиш дарояд, тамоми давлатхои СНГ ба ларза медароянд. Ин парадигмаи сиёсии ин минтака аст.
Пешвои шумо барвакт хоки ватанро дод ба Чин ту чи савсата мехони инчо
Темур! Як замоне, яъне 700 сол кабл марде бо хамин ном чахонро ба ларза оварда буд. Марде бо хамин ном асархои човидони офарид. Марде бо хамин ном дар 34 солаги дар ахди Шурави профессори математика ва рохбари Донишгохи Воронеж гардид. Иншааллох Ту Темур- набераи Рустами прокурор чахонро ба ларза меовари ва Парчами Ватани нозанинро дар Олимпиада партавафшон мекуни. Темур!!! Точикистон ва махсусан бачахои нохияи Рудаки дар хакки Шумо дуогуянд. Расул Бокиев нукра гирифт, Худо хохад тиллоро шумо ба Ватан тухфа хохед кард. Ба пеш Фарзонафарзанди кахрамони Точик!!! Пирузи насибат Темури азиз!!!