Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд бо Кувайту Эрон бозӣ мекунад


Рақибони дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки аз 2-юм то 8-уми феврал дар шаҳри Ҳатяйи музофоти Сонгкҳлаи Тайланд баргузор мешавад, муайян шуданд.

Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Кувайт (3-юми феврал) ва Эрон (4-уми феврал) бозӣ мекунад.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайланд, Туркманистон ва Малайзия дохиланд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар ду гурӯҳ дудастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо мекунанд. Баъдан бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ доир мегарданд.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббии нави даста Александр Дзабирадзе, мутахассиси 44-солаи гурҷӣ, омодагиро ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод доир мегардад, шуруъ кард.

Давраи аввали ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Душанбе то рӯзи 27-уми январ идома меёбад. Баъди анҷоми ҷамъомади аввал дар Душанбе дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Тайланд сафар мекунад ва дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») иштирок хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.


Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020»

Гурӯҳи «А»: Тайланд, Туркманистон, Малайзия.
Гурӯҳи «В»: Эрон, Тоҷикистон, Кувайт.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум. 2-юми феврал (якшанбе)
14:30 – Эрон – Кувайт
17:00 – Тайланд – Малайзия

Даври 2-юм. 3-юми феврал (душанбе)
14:30 – Кувайт – Тоҷикистон
17:00 – Малайзия – Туркманистон

Даври 3-юм. 4-уми феврал (сешанбе)
14:30 – Тоҷикистон – Эрон
17:00 – Туркманистон – Тайланд

Нимфинал. 6-уми феврал (панҷшанбе)
14:00 – 1 «А» – 2 «В»
17:00 – 1 «В» – 2 «А»

8-уми феврал (шанбе)
14:00 – Бозӣ барои ҷои севум
17:00 – Финал
Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG