Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи 6 нафар бо гумони иштирок дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон 6 шаҳрванди кишварро барои иштирок дар муноқишаҳои марзӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Тарафи Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабар надодааст. Ду ҳафта пеш чаҳор шаҳрванди Қирғизистон бо гумони иштирок дар низоъҳои марзӣ дастгир шуда буданд.

Мирлан Каниметов, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон, рӯзи 21-уми январ дар ҷаласаи порлумони ин кишвар гуфт: "Маълумоти тасдиқшудае нест, ки ин 6 шаҳрванди Тоҷикистон узви гуруҳҳои ҷиноӣ ҳастанд, аммо дар муноқишаҳо иштирок кардаанд."

Муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон илова кард, "мақомоти интизомии Тоҷикистон чанд шаҳрванди худро, ки ба сӯи шаҳрвандони қирғиз санг партофта ва талош карданд хонаро оташ зананд, таҳти пайгард қарор додаанд". Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Канибек Имоналиев, вакили порлумони Қирғизистон, гуфтааст, дар доираи шартномаҳо миёни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) имкони иваз кардани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, вуҷуд дорад. Ӯ пешниҳод кард, масъалаи мазкур дар ҷараёни гуфтушунидҳои марзӣ баррасӣ шавад.

Шаби 9 ба 10-уми январи имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад, ки дар ҷараёни он садои тир ҳам шунида шудааст. Мақомот гуфтанд, сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ба сӯи якдигар санг партофтаанд. Ҷонибҳо дар шурӯи ҳодиса якдигарро гунаҳкор карданд.

Дар пайи муноқиша ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 14-уми январ, бо роҳбарии муовинони нахуствазирони ду кишвар гуфтугӯ карда, масъалаи иваз кардани қитъаҳои марзиро баррасӣ намуданд.

Аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 400 километраш муайяну аломатгузорӣ нашудааст. Ду тараф барои ҳалли масъала роҳҳои гуногун ва харитаҳои гуногунро пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG