Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста дар нимфинали қаҳрамонии Осиё (U-23)


Мунтахаби олимпии Узбекистон.
Мунтахаби олимпии Узбекистон.

Чаҳор дастаи мунтахаби олимпӣ - Австралия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Узбекистон - ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки дар Тайланд ҷараён дорад, роҳ пайдо кард.

Дар бозиҳои чорякниҳоӣ, ки рӯзҳои 18-19-уми январ баргузор шуданд, Австралия бар Сурия ва Арабистони Саудӣ бар Тайланд бо ҳисоби якхелаи 1:0, Кореяи Ҷанубӣ бар Урдун бо ҳисоби 2:1 ва Узбекистон бар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуданд.

Дар нимфинали қаҳрамонии Осиё (U-23) рӯзи чоршанбеи 22-юми январ Арабистони Саудӣ бо Узбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ бо Австралия рақобат мекунанд.

Бозӣ барои ҷойи сеюм 25-уми январ ва бозии ниҳоӣ 26-уми январ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҷоизадорони қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) дар Тайланд ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мушарраф хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F", ки моҳи марти соли гузашта дар Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб доир гардид, аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ бенасиб монд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозии дувумашро бо дастаи мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “F” ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард.

Қаҳрамонии Осиё (U-23) оид ба футбол, 1/4 финал:

18-уми январ:
Арабистони Саудӣ - Тайланд - 1:0
Австралия - Сурия - 1:0

19-уми январ:
Узбекистон - Иморот - 5:1
Кореяи Ҷанубӣ - Урдун - 2:1

Нимфинал, 22-юми январ:
Арабистони Саудӣ - Узбекистон, 17:15
Кореяи Ҷанубӣ - Австралия, 20:15

XS
SM
MD
LG