Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020” дар Мински Беларус мунтахаби наврасони Исландияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум заданд. Як голи мунтахаби Исландияро Даниэл Деян Ҷурич дар дақиқаи 50-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.
Бозии дигари гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Исроил ва Гурҷистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври дуюм 21-уми январ бо мунтахаби Исроил рӯбарӯ мешавад. Бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Бояд гуфт, ки дар «Ҷоми рушд-2020» ҳашт даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо барои ҷойи сеюм рақобат хоҳанд кард. Ҳамчунин, бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум доир мегарданд.
Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми рушд-2020»
Гурӯҳи «А»: Беларус, Белгия, Финляндия, Узбекистон.
Гурӯҳи «В»: Исроил, Гурҷистон, Исландия, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
Исландия (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 1:2
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 27 (0:1). Даниэл Деян Ҷурич, 50 – аз пеналтӣ (1:1). Суннатулло Азизов, 75 (1:2).
Тоҷикистон (U-16): Сафармад Гаффоров, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов (Шаҳриёри Иноятулло, 73), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Аббос Андалибов (Меҳрубон Каримов, 73), Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев (Амирҷони Фаррухзод, 50), Алиҷони Айнӣ, Бежан Нишонбойзода (Суннатулло Азизов, 50), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Муҷовид Шовайсуддинов, 50).
Сардовар: Андрей Мининков (Беларус).
Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Тоҷикистон (U-16) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-1 |
3 |
2 |
Гурҷистон (U-17) |
1 |
0 |
1 |
0 |
1-1 |
1 |
3 |
Исроил (U-17) |
1 |
0 |
1 |
0 |
1-1 |
1 |
4 |
Исландия (U-17) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-2 |
0 |
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
Белгия (U-17) – Финляндия (U-17) – 2:1
Беларус (U-17) – Узбекистон (U-16) – 4:1
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Беларус (U-17) |
1 |
1 |
0 |
0 |
4-1 |
3 |
2 |
Белгия (U-17) |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-1 |
3 |
3 |
Финляндия (U-17) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-2 |
0 |
4 |
Узбекистон (U-16) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-4 |
0 |
Тақвими бозиҳо:
Даври 2-юм
21-уми январ (сешанбе)
14:00 – Исроил – Тоҷикистон
16:10 – Гурҷистон – Исландия
18:20 – Белгия – Узбекистон
20:30 – Финляндия – Беларус
Даври 3-юм
23-юми январ (панҷшанбе)
14:00 – Тоҷикистон – Гурҷистон
16:10 – Исландия – Исроил
18:20 – Узбекистон – Финляндия
20:30 – Беларус – Белгия
25-уми январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷойи 7-ум
12:00 – 4 «А» – 4 «В»
Бозӣ барои ҷойи 5-ум
14:15 – 3 «А» – 3 «В»
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
16:30 – 2 «А» – 2 «В»
Финал
18:45 – 1 «А» – 1 «В»
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе