Ҳамаи ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки дар Тайланд ҷараён дорад, баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳҳо маълум шуд.
Шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд:
Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Австралия, Баҳрайн
Гурӯҳи «В»: Қатар, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Сурия
Гурӯҳи «С»: Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Чин
Гурӯҳи «D»: Ветнам, Кореяи Шимолӣ, Урдун, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Баъди натиҷагирии бозиҳо дар гурӯҳҳо ҳашт даста ба чорякфинал роҳ пайдо кард: Австралия, Тайланд (гурӯҳи «А»), Арабистони Саудӣ, Сурия (гурӯҳи «В»), Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон (гурӯҳи «С»), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Урдун (гурӯҳи «D»).
Дар чорякфинали қаҳрамонии Осиё (U-23) рӯзи шанбеи 18-уми январ Арабистони Саудӣ бо Тайланд ва Австралия бо Сурия рақобат мекунанд. Ду бозии дигари даври чорякниҳоӣ рӯзи якшанбеи 19-уми январ миёни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ – Урдун ва Иморот – Узбекистон доир мегардад.
Бозиҳои ниманиҳоӣ 22-юми январ, бозӣ барои ҷойи сеюм 25-уми январ ва бозии ниҳоӣ 26-уми январ баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҷоизадорони қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) дар Тайланд ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мушарраф хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F", ки моҳи марти соли гузашта дар Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб доир гардид, аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ бенасиб монд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозии дувумашро бо дастаи мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “F” ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард.
Як шахси ба ман шинос,хам хамаги чор панч сол дар гумруки Истаравшан кор карда иморатхои дукабата ва сохиби заминхои наздихавлишии бехисоб шуд,то хол аз хисоби фуруши заминхою доллархои захиракардаащ кайфу сафо карда гаштааст,агар гуед,ки харомхури гунохи азим аст,мегуяд: ин гапи ( неудачнико) аст.
Посух ба шахрванд!Оё ту медони,ки шахри Истаравшанро ки обод кардааст,ин ободихо аз хисоби мардум ва сохибкорон бо мачбури пул ситондан шудааст! Хамин ба мардуми худамон хайрон мешавед,на ба гармо ва на ба сармо каноат мекунанд,О магар хамин АДОЛАТИ СУДИ нест,ки як каллоби хакки мардумхурро,ки махсулоти хайрияеро,ки бояд ба камбизоатон таксим мешуд,ба бозор руирост пул кардааст,чахои САЗОВОР додаанд.Боки хуллоса барореду баьд коментарий нависед.
Чои харомхур хаму зиндон аст, то ба кай мардумро горат мекунанд, 12 сол барои у кам аст , бояд якумра зиндони мекарданд, чунки дар сари вазифа буданаш одама одам хисоб намекард , охири вазифа зиндон аст, дар вакти дар вазифа будан мардуми бечораро бояд дасгири кунанд!
Ин машк барои чангидан бо мардуми худ аст. Хар як шахрванд хак дорад, дар кишвари худаш озодона сайру гашт кунад. Дигар мардуми бесилох ба буккахои силохдор гул хоханд дод. Чи кунем, ки ин фиребхурдахои бемагз хам мардуми кишвари мо хастанд. Дигар монанди варвархо ба озору куштор рох надихед, монанди белорусхо рафтор кунед. Хамин ки Путин гум шуд, дигар диктаторчахо хам аз пасаш шармандавор гум мешаванд.... Дигар ба инкилобу переворот хочат нест.... Бо эътирозхои сулхомез бояд тарзи идораи кишвар дигар шавад....
Девор нам кашидааст!