Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки дар Тайланд ҷараён дорад, шаш даста – Австралия, Тайланд (гурӯҳи «А»), Арабистони Саудӣ, Сурия (гурӯҳи «В»), Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон (гурӯҳи «С») - ба чорякфинал роҳ пайдо карданд.
Ду дастаи дигари ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи «D» шоми имрӯз, 16-уми январ, маълум хоҳанд шуд. Ҳоло дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Урдун бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Мунтахаби Ветнам бо ду имтиёз дар ҷойи севум аст. Ин се даста барои ду роҳхат ба чорякфинал талош мекунанд.
Вале мунтахаби Кореяи Шимолӣ, ки имтиёз нагирифтааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо Ветнам аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт. Бозии дигари даври севум миёни ду дастаи пешсаф - Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Урдун – доир мегардад.
Бозиҳои чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23) 19-уми январ, бозиҳои ниманиҳоӣ 22-юми январ, бозӣ барои ҷойи сеюм 25-уми январ ва бозии ниҳоӣ 26-уми январ баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҷоизадорони қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) дар Тайланд ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мушарраф хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F", ки моҳи марти соли гузашта дар Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб доир гардид, аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ бенасиб монд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозии дувумашро бо дастаи мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “F” ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард.
озоди метонед нотарсида акнун калимаи муҳоҷирро ба ҒУЛОМИ қари 21 иваз кунед ин мигрция аз имруз пас хариду фуруши қонунии ғуломон меша
Ба НОМУСАЛМОН!!! Як одам бисёр бошарму ҳаё ҳаст, оё шарму ҳаёи онро бо чи чен кунем???? Эмон дар луғат ба маънои тасдиқ ва иқрор кардан аст ва дар шаръ ба маънии 1) Эътиқод доштан бо қалб, 2) Иқрор кардан бо забон 3) Амал намудан бо аъзо мебошад. Эмон (эътиқод) ба Худо, Малоикаҳо, Китобҳои осмонӣ, Расулон, рузи қиёмат, тақдири некию бадӣ ва зиндагӣ баъди марг мебошад. Эмон қавӣ ва заиф мешавад. Яъне бо ибодат ва амалҳои солеҳ қавӣ мегардад ва ва бо гуноҳу амалҳои зишт заиф мешавад. Умедвор ҳастам, ки Шуморо фаҳмонда бошам.
О ин эътирозчиён сагерахои Авангард ку
Тавба точики зархариду серхаридор
мардума расман митинг кардан ичозат надихед, баъд онхо ба тазохурот мебароянд, ё хамин гуна сенарияи Хукумат аст...