Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали муштзанҳои навраси тоҷик дар Тошканд


Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни муштзанҳои солҳои таваллудашон 2004-2005 ба хотираи собиқадорони бокси Узбекистон, ки рӯзҳои 6-10-уми январ дар шаҳри Тошканд доир гардид, се медал (ду нишони нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи бокси Узбекистон имрӯз, 13-уми январ, хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 194 варзишгари наврас аз Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳамаи вилоятҳои Узбекистон ширкат карда, аз рӯи 15 дараҷаи вазнӣ барои 15 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Ду медали нуқраро ба Тоҷикистон Алишер Саидов дар вазни то 44 кило ва Абубакр Муродов дар вазни то 54 кило оварданд. Дар финал Алишер аз Зикрҷон Умматалиев ва Абубакр аз Бахтиёр Зуҳруллоев (ҳарду аз Узбекистон) мағлуб шуданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон - Нурланбек Ерматов – дар вазни то 63 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Муштзанҳои бузургсоли тоҷик бошанд, барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 талош карда, дар ду мусобиқаи интихобӣ ширкат хоҳанд кард. Нахуст мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус рӯзҳои 3-14-уми феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегардад. Баъдан мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ рӯзҳои 13-20-уми май дар Пориси Фаронса баргузор мешавад.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон ва 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ низ вобаста ба вазнҳо варзишгароне, ки ҷойҳои аз 3-юм то 5-умро мегиранд, соҳиби роҳхат мешаванд.

Мутахассисон аз муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов, ки порсол дар қаҳрамонии Осиё дар вазни то 64 кило ғолиб шудааст, барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио натиҷаи мусбатро чашмдоранд.

XS
SM
MD
LG