Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон, ки дар шаҳри Лозанна, дар қасри яхини «Mаlley», баргузор шуд, президенти Швейтсария Симонетта Соммаруга Бозиҳоро кушода эълон кард. Оташи олимпиро Ҷина Зендер, варзишгари навраси швейтсарӣ оид ба рақси рӯи ях, фурӯзон кард.
Дар ин маросим Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ширкаткунандагони Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасонро бо кушодашавии ин чорабинии бузурги варзишӣ табрик карда, варзишгарони наврасро даъват намуд, ки «дар инҷо дӯстони нав пайдо кунанд, барои худ арзиши олимпиро кашф сохта, онро эҳтиром намоянд». Ҳангоми суханронӣ ӯ бо панҷ варзишгаре, ки қораҳои мухталифро намояндагӣ мекунанд, якҷоя аккосӣ намуд.
Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна 22-юми январ ба анҷом мерасад. Дар мусобиқот беш аз 1800 варзишгари синашон аз 14 то 18-солаи наздики 80 кишвари панҷ қитъаи олам аз рӯи 16 намуди варзиш (биатлон, бобслей, ҳоккейи рӯи ях, лижатозӣ, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, скелетон, шорт-трек ва ғайра) барои 81 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.
Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ширкат надорад. Аз Қазоқистон 25 варзишгар, аз Қирғизистон 2 варзишгар, аз Туркманистон ва Узбекистон якнафарӣ иштирок мекунанд.
Дар Бозиҳои II зимистонаи олимпии наврасон, ки чор сол муқаддам дар Лиллеҳаммери Норвегия доир гардида буд, мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 16 медал (10 тилло ва 6 нуқра) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуда буд.
Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 16 медал (10 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми дувум ва мунтахаби Русия бо касби 24 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 9 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол карданд.
Бозиҳои олимпии наврасонро Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар чаҳор сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Бозиҳои зимистонаи наврасон соли 2012 дар Инсбруки Австрия доир шудааст. Баъдан Бозиҳои дувум соли 2016 дар Лиллеҳаммери Норвегия барпо гардидааст.
Анҷумани Кумитаи байналмилалии олимпӣ минтақаи Гангвони Кореяи Ҷанубиро ба ҳайси мизбони Бозиҳои IV зимистонаи олимпии наврасон дар соли 2024 интихоб кард.
Дар раъйдиҳӣ аз 82 вакили анҷуман 79 нафар ба ҷонибдории Гангвон, ки ягона номзад буд, овоз доданд. Қарордод бо шаҳри мизбон миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва “Гангвон-2024” ба имзо расид.
Мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи зимистонаи наврасон дар шаҳрҳои Пйонгчанг ва Гангнунг, ки соли 2018 Бозиҳои зимистонаи олимпиро доир карда буданд, барпо мегардад.
Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ санаи баргузории Бозиҳои IV тобистонаи олимпии наврасон дар Дакарро тасдиқ кард. Аввалин Бозиҳои олимпӣ дар қораи Африқо аз 22-юми октябр то 9-уми ноябри соли 2022 доир хоҳад шуд.
Хизмати харбй бояд касбй бошад, яъне он нафароне, ки хизмат рафтанй нестанд (писарони одамони давлатманд ва дигарон), бояд маблаги муайян супоранд ва онхое, ки дар хизмати харбй карор доранд, бояд на кам аз дигар кормандони давлатй маош гиранд, бо хонаву дар таъмин бошанд, ба онхо имтиёзхои дигар дода шавад. Ин аст рохи халли масъала, на облававу дар хизмат бечорагонро лату куб кардан. Дар сурати пулакй шудани хизмат тартиби дуруст чорй мешавад мухтарам генералхо!!!!
Масчид макони мукаддас аст, кушодани масчид савобу баракат аст. Факат мо бояд донишу хиради исломй дошта бошем, бедонишй моро ба таассуб мебараду гумрох мешавем. Бо саллаву риш Худои покро нашиносем, бо калби поку корхои хайр шугл варзем. Дар Точикистон барои ибодати озод ягон монеа нест, факат ба ифротгарону каллобон монеахо мавчуданд!!!
хабари хуш
(Аммо Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик ба ин бовар аст, ки озод шудан аз хизмат ба ивази маблағ метавонад, ба қудрати артиш осеб расонад. ) Ин шахс хомии хукук буда ба кадом шахс кумаки ройгон расонидааст. Хич кор намекунад. Фарзандаш агар ба синни даъвати мебуд ин зан ин хел гап намезад. Муаммо нест конун кабул шавад маблаг супорад озод шавад, хонад, оиларо обод кунад, чи даркор хамон армие ки бутун ба корхои дехкони бурда хамчун мардикор истифода мебаранд. Неърухои вижа (ОМОН ва СОБР инхо худаш кифоя аст) дигар майда чуйда кисмхо харбие ки ба гайр аз харочоти буча дигар ба хич кор намедихад махкам кунанд. Ягон кас Точикистони моро кашида намегирад. Ба пеш Шерали Мирзо тасдик кардан гиред.
МашаАллох