Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфборӣ дар минтақа. Дар Афғонистон 19 кас аз сардӣ ҷон бохтанд


Тайи чанд рӯзи ахир минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистону қисматҳое аз Покистонро сармои сахт фаро гирифтааст. Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҳаво боз сардтар мешавад.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари бориши сахти барф ва борон рӯзҳои гузашта 19 нафар дар ин кишвар ҷон бохтанд. Масъулон дар ин кишвар рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин афрод рӯзи 11-уми январ бинобар барфбории шадид ва ҳавои сард дар вилоятҳои Ҳирот, Қандаҳор ва Ҳилманд ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, шумораи қурбониёни сардиҳои ин зимистон ба 24 тан мерасад ва имкон дорад, ки теъдоди онҳо афзоиш ёбад. Дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар рӯзи 11-уми январ сардии ҳаво то 12 дараҷаи зери сифр будааст. Масъулони Идораи ҳавошиносии ин кишвар гуфтаанд, ки Афғонистонро рӯзҳои оянда сардиҳои бештар дар интизор аст.

Барфбориҳои шадид ҳаракат дар шоҳроҳҳои асосии ин кишвар, аз ҷумла ағбаи Солангро, ки Кобулро ба ҳафт вилояти шимолии он кишвар мепайвандад, қатъ кардааст. Шоҳроҳи Кобул-Қандаҳор низ аз чанд рӯз ба ин тараф бинобар барфбориҳо, баста мебошад. Вилояти баландкӯҳи Бомиён воқеъ дар маркази Афғонистон, бар асари барфрезиҳои рӯзҳои ахир дар муҳосира қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ, барфбории шадид ва борон дар қисматҳое аз иёлати Балуҷистон ҳаммарз бо Афғонистону Эрон, боиси ҳалокати 14 нафар шудааст. Ба иттилои рӯзномаи "Dawn" роҳҳои заминӣ ва ҳавоии ин минтақа бо дигар қисматҳои Покистон бинобар борандагиҳо қатъ шудааст. Идораи ҳавошиносии Покистон иттилоъ додааст, ки ду рӯзи оянда дар Кашмир, Хайбар-Пахтунгоҳ ва Гилгит-Балтистон барфборӣ ва дар қисматҳои дигари Покистон боронгариҳои шадид дар назар аст.

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон низ аз ду рӯз ба ин тараф барфбориҳо идома дорад. Дар ҳоли ҳозир, ба далели барфрезиҳо ва хатари фаромадани тармаҳо, ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ шудааст.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS субҳи рӯзи 13-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо тавсияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳаракати ҳама намудҳои нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ шудааст.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи гузашта вазири нақлиёти Тоҷикистон якҷо бо муовини вазири корҳои дохилии кишвар бо вазъи ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ ошно шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" эълон дорад, ки барои интиқоли мусофирон дар масири Душанбе-Хуҷанд, хатсайрҳои иловагӣ роҳандозӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 13-уми январ ҳарорати ҳаво дар водиҳои кишвар то 6-8 дараҷа поин мешавад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG