Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз қасри Гулнора Каримова дар Женева 70 ашёи ҳунариро ба Узбекистон бармегардонанд


Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 11-уми январ хабар дод, ки мақомоти ин кишвар ҳамроҳ бо мақомоти Швейтсария, Фаронса, Русия, Латвия ва дигар кишварҳо дар мавриди баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова ҳамкорӣ доранд.

"Ҳамроҳ бо додситонии федеролии Швейтсария, бо ҷалби коршиносон аз Узбекистон муайян кардани тааллуқ доштани мероси миллӣ ва баргардонии 70 ашёи ҳунарӣ (расмҳо, ашёи санъатӣ ва ғайра) ба Узбекистон идома дорад, ки дар қасри марбут ба Гулнора Каримова дар шаҳри Женева пайдо шуда буданд",-омадааст дар хабари додситонии Узбекистон.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, ки дар манзилҳои марбут ба Каримова дар Узбекистон 985 ашёи ҳунарӣ (расмҳо, сузаниҳо, ороишот, ҷавоҳирот ва ғайра) пайдо шуд, ки мероси миллии фарҳангӣ эътироф шудаанд.

Ҳамаи ин ашё мусодира ва ба ихтиёри давлат супорида шуд.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд.

Ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

XS
SM
MD
LG