Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 корманди кони тиллои Солтон-Сари ихроҷ шуданд


Ширкати "Қирғизолтин"-и Қирғизистон дар пайи як санҷиши дохилӣ 18 корманди тилоҷӯи худро аз кор пеш кардааст. "Дар ҳоли ҳозир Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо таҳқиқи қазия машғул аст, вале ба ин нигоҳ накарда корҳо дар кони Солтон-Сарӣ идома доранд",-афзудааст ширкат.

Рӯзи 27-уми декабри соли 2019 дар деҳаи Оттуки вилояти Норини Қирғизистон мошинеро боз доштанд, ки 1,5 ҳазор килограм маҳсулоти дорои тилоро интиқол медод. Арзиши он дар бозори сиёҳ ҳудуди 4 миллион сом (наздики 500 ҳазор сомонӣ) аст.

Дар пайи боздошти мошин раҳбари кон, мудири корхонаи истихроҷи тилло ва як мутахассиси кон бо гумони фасодкорӣ боздошт шуданд.

Дар кони Солтон-Сарии вилояти Норин ширкати муштараки Чину Қирғизистон -- Zhong Ji Mining Company аз соли 2009 ба ин сӯ бо истихроҷи тилло машғул аст.

Ҳукумати Қирғизистон 7 августи соли равон дар пайи эътирози сокинони маҳаллӣ гуфт, истихроҷи тиллоро дар кони мазкур муваққатан манъ кард.

XS
SM
MD
LG